Фаъолияти муассисаҳои тиббии самти кумаки аввалияро имруз на танҳо кормандони сохторҳои марбутта зери назорати доимӣ қарор медиҳанд, балки давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба аҳолӣ низ имкон додааст то ин, ки шароити корӣ, тозагӣ, риоя гаштани коиҳои санитарию эпидемиологӣ, одоби муошират, сари вақт бақайдгирии ҳомиладорон ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитариро баҳогузорӣ намоянд.
Дар доираи Лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ, ки имруз ҳам аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва ҳам бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустии шаҳру навоҳии таҷрибавии кишвар, амалӣ гардида истодааст, таъғироти куллӣ ба вуҷуд омада, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар ва шароити корӣ дар муассисаҳои тандурустии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ру ба беҳбудӣ ниҳодааст. Ба хотири натиҷагирӣ намудан аз рафти амалишавии Лоиҳаҳо, соле як маротиба дар байни аҳолӣ ва кормандони тиб, чорабиниҳои худбаҳодиҳиро ба роҳ монда, фикру мулоҳизаҳои мардумро нисбати кору фаъолияти табибон пурсон мешаванд.
Дар рафти вохурӣ, сокинон оид ба шароити корӣ, тозагӣ, риоя гаштани қоиҳои санитарию эпидемиологӣ, одоби муошират, сари вақт бақайдгирии ҳомиладорон ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитариро баҳогузорӣ намуда, ҳамзамон барои беҳбудии кори минбаъдаи табибон, таклифҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.
Ташкилу гузаронидани чорабиниҳои худбаҳодиҳӣ аз як тараф барои ошкори камбудиву норасоиҳои ҷойдошта мусоидат намояд, аз ҷониби дигар мардум аз ҳуқуқу уҳдадориҳои хеш воқиф гардида, бо ин васила метавонанд аз табибони маҳалли зисти хеш хизматрасонии босиффату саривақтиро талаб намоянд. Ба гуфтаи духтури тибби оилавии маркази саломатии Қизилкалъа Соатой Азизова ба роҳ мондани чунин маъаркаҳо аз манфиат холӣ набуда, ба нафъи ҳар ду ҷониб равона гардидааст.
Ин навбат аз рафти баргузории вохуриҳо бо мардуму табибон, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дидан намуда, барои боз ҳам, беҳтар гаштани сифати кору хизматрасони ба аҳолӣ маслиҳатҳои судбахш доданд. Метавон гуфт, ки бо назардошти нақша, соли равон дар байни 655 нафар сокинон ва 381 нафар табибону ҳамшираҳои шавқати 11 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қургонтеппаву Кулоб, ҳамин қабил маъракаҳои баҳодиҳӣ аз руйи сифат ва натиҷаи фаъолият гузаронида шуда, иштирокдорон аз вазъи кунунии муассисахои тиббӣ ва сатҳу сифати хизматрасони ба аҳолӣ воқиф гардиданд. Дар фаровард, хуслосабардорӣ карда шуд, ки минбаъд, аксари камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро метавон дар ҳамдастӣ бо худи мардум ҳалу фасл намуда, барои ҳифзи сиҳатии генафонди миллати тоҷик, сарҷамъона мубориза хоҳанд бурд.