Озмун барои беҳтарин маводи журналистӣ дар бораи бемории сил таҳти унвони “Табобати комили сил имконпазир аст”

Март 05
08:54 2021

 Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни рӯзноманигорони соҳавӣ барои инъикоси масъалаҳои марбут ба сил ва пешгирии ин беморӣ озмун эълон мекунад.

Шартҳои озмун:

Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба пешгирӣ ва табобати сил. Аз иштирокчиёни озмун даъват карда мешавад, ки ба масъалаҳои марбут ба усулҳои нави ташхис ва табобати шахсони гирифтори сил, шаклҳои васеи устуворӣ ба дорувории зидди бактериявӣ, аз байн бурдани тамғагузорӣ ва ҳуқуқпоймолкунии вобаста ба бемории сил диққати махсус диҳанд;

  • Мақолаҳо (ҳам дар нашрияҳои электронӣ), барномаҳои радиоӣ ва телевизион оид ба усулҳои нави ташхис ва табобати одамони гирифтори сил, шаклҳои васеи устуворӣ ба дорувории зидди бактериявӣ, ки аз 4 март то 1 апрели соли ҷорӣ интишор ва пахш шудаанд, қабул карда мешаванд;
  • Маводҳо бояд бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ бо координатҳои муаллиф (маводи интернетӣ дар шакли парвандаҳои электронӣ, бо ишора ба манбаъ ва санаи нашри мавод ва маводи радиоӣ ва телевизионӣ  бошанд, бояд  дар афзорҳои CD/DVD, ҳамзамон бо сенарияи  мавод ба забонҳои дахлдори барнома, бо нишон додани сана ва ҷои пахш) пешниҳод карда мешаванд.
  • Афзалият ба маводи жанрҳои таҳлилӣ дода мешавад;
  • Ҳар як муаллиф на бештар аз 3 мавод мефиристад;
  • Паҳн кардани мавод дар шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бартарӣ дониста мешавад (суроға ба ин гуна бознашр пешниҳод карда мешавад).

Маводи ба озмун пешниҳодшуда аз ҷониби ҳайати ҳакамони салоҳиятдор аз он ҷумла, рӯзноманигорони мустақил, мутахассисони соҳаи назорати сил, намояндагони созмонҳои донор ва намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳогузорӣ карда мешаванд.

Ғолибони озмун барои инъикоси масъалаҳои сил бо мукофотҳо қадрдонӣ мегарданд:

– Барои маводи беҳтарин, ки дар манбаъи интернетӣ нашр шудааст;

– Барои беҳтарин барномаи радио;

– Барои беҳтарин намоиши телевизионӣ.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон моҳи апрели соли 2021 баргузор мешавад.

Муҳлати қабули мавод барои озмун то 5 апрели соли 2021, соати 17:00 аст. Маводҳо ( мавод, резюме, мактуби расмии муҳаррир) бояд дар лифофаи муҳрдор бо нишони “Барои озмун – табобати комили сил имконпазир аст” ба суроғаи зерин пешниҳод карда шаванд: ш. Душанбе, кӯч. Рудакӣ 127 ё бо нишонии электронии sanavbar_sherova@abtassoc.com

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 672
  • 1,242
  • 949,692