
Дар асоси озмун ба раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ аз рӯи мансабҳои зерин ба кор қабул карда мешаванд:
Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир:
-муовини сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосир (1 ҷой), маош1700сомонӣ;
Талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ.
Бахши котибот:
– мудири бахши котибот (1ҷой), маош 1207,90сомонӣ
Талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, гуманитарӣ.
Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила:
-мутахассиси бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила (1 ҷой), маош 733,20 сомонӣ;
-мутахассиси шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасони Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ватанзимиоила (1 ҷой), маош 733,20 сомонӣ;
Талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ.
Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ:
-мутахассиси пешбари Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ (1 ҷой), маош 889,20 сомонӣ;
Талабот барои довталабон: маълумоти олии тиббӣ, фарматсевтӣ.
Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
-мутахассиси пешбари Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (2ҷой), маош 889,20 сомонӣ;
Талабот барои довталабон: маълумоти олии иқтисодӣ.
Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
– мутахассиси пешбари шуъбаи рушди ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1ҷой), маош 889,20 сомонӣ;
Талабот барои довталаб маълумоти олии иқтисодӣ ва кори иҷтимоӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод намоед:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи шахсии (анкетаи) баҳисобгирии кадрӣ;
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
– 2 дона расми4х6;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– нусхаи шиноснома;
– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
– нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
– шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
– маълумотнома аз ҷои истиқомат ва оиладорӣ;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– хислатнома аз ҷои кори пештара (фаъолият карда бошед);
– маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан.
Талаботҳои тахассусӣ
барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
барои ишғоли мансаби мудири бахш:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби
– мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
барои ишғоли мансаби мутахассис:
-таҳсилоти олӣ касби, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаимо: Индекс 734025 ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко 69,
тел. 221-19-59.
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз лаҳзаи нашри эълон.
Ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки аз озмун нагузаштаанд, баргардонида мешаванд.