Март 13
11:08
2021
Маркази саломатии деҳоти Равоти шаҳри Конибодом пас аз таъмири хушсифат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.
Ба иттилои масъулин Маркази саломатӣ соли 1990 ба истифода дода шуда, 31 сол инҷониб мавриди истифода қарор дошт ва он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва кӯмаки соҳибкорон бори аввал пурра аз таъмир бароварда шуд.
Марказ дорои ҳуҷраҳои табибони оилавӣ, таҳлилгоҳ, эмгузаронӣ, изолятор, хизматрасонӣ ба модарон, стоматологӣ буда, дар он 20 нафар кормандони соҳаи тиб ба 5100 нафар аҳолии ҳудуди Равот хизмат мерасонанд.