Ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо мақсади беҳбудии ҳаёти кӯдакон аз соли 1925 дар шаҳри Женеваи Швейтсария роҳандозӣ шудааст.
Ба ин муносибат дар тамоми гушаву канори кишвар таҷлили «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» бо услубҳои гуногун баргузор гардида чунин маъракаҳо дар пойтахти кишвар шаҳриДушанде низ сурат гирифта қисме дигар дар ҳоли баргузорӣ қарор доранд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоииаҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии Давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи муасисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоиӣ, ки дар он кӯдакони имконияташон маҳдуд буддубоши доимӣ ё рӯзона доранд тибқи нақша-чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ таи чанд рӯз аст, ки дар ҳоли баргузорӣ қарор дорад.
Инчунин дар чорабинии фарҳангие, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид аз ҷониби муттахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни кўдакон викторина, озмуни расми беҳтарин ва «Дӯкони саломатӣ» ташкил гардида чунин иқдомҳо дар саросари кишвар роҳандозӣ гардидаанд.