Паёми табрикии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба муносибати ҷашни Наврӯз

Паёми табрикии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба муносибати ҷашни Наврӯз
Март 20
16:10 2021

Бо истифода аз фурсати муносиб кулли кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳамватанони азизро ба қадамҳои ҳуҷастаи Наврӯзи оламафрӯз аз самими қалб шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо хушбахтиву саодатмандӣ, саломативу сарбаландӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Хушбахтона, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн ва анъанаҳои миллии ниёгонамон азнав эҳё гардида,  таҷлили бошукӯҳи онҳо дар саросари мамлакатамон ба ҳукми анъана даромад.

Наврӯз аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонии миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба шумор меравад, ки тули қарнҳои зиёд мақоми хешро аз даст надода, то замони мо омада расидааст.  Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад.

Фалсафаи Наврӯз аз рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва аз рӯзи оштӣ  иборат буда, он талқингари фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.

Доир ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони дохилу хориҷи кишвар дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд.

Абӯрайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».

Ҳамзамон, дар робита ба таърихи ин ҷашни бостонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад ва ин далел мояи ифтихор аст, ки Наврӯзи бостонӣ  ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст».

Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз санаи 18-уми феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти 64-уми худ ба ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ бахшид ва ин иди фархунда ҷашни ҷаҳонӣ гардид, ки он аз фурӯғи оламгири фарҳанги миллӣ башорат медиҳад.

Бо дарки маънии он, ки фалсафа ва мазмуну муҳтавои ин ҷашни бостонии миллати тоҷик сарҷамъӣ, иттиҳод, инсондӯстӣ, ба ҳамдигар меҳру муҳаббат варзидан аст, имрӯзҳо ҷашни Наврӯз аз ҷониби давлатҳои абарқудрат ва созмону ташкилотҳои бонуфӯзи олам эътироф гардидааст, ки ин боиси ифтихор ва шодмонии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро дар фазои сулҳу ором ва дӯстиву сарҷамъӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Таҷлили имсолаи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ки ин албатта  рамзист. Бинобар ин, ҳар кадоми моро зарур аст, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ин санаи муҳиму фархунда тамоми кӯшиш ва талоши хешро ба харҷ бидиҳем.

Бори дигар  тамоми тоҷикистониёнро ба муносибати ҷашни Наврӯзи оламафрӯз шодбош намуда,  дар хонадони ҳар кадоми онҳо нишоту шодмонӣ, иқболу хушбахтӣ, файзу баракати наврӯзӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи кориятон муваффақияту сарбаландӣ хоҳонам.

Наврӯзи оламафрӯз муборак, ҳамватанони азиз!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 680
  • 1,242
  • 949,700