5 миллион сомонӣ барои таъмири беморхонаҳо дар вилояти Суғд

Июн 07
10:35 2017

Бо иқдому дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар соли 2017 барои таъмири иншооти тандурустии вилоят зиёда аз 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Маблағи мазкур асосан баҳри таъмиру харидории лифт барои Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи С. Қутфиддинов, ҳамчунин, барои барқарор кардани шабакаҳои гармидиҳии мутамарказонидаи Маркази бемориҳои дил, Маркази клиникии эндокринологӣ ва таваллудхонаи вилоятӣ равона карда шудааст.

Ин иқдоми Раиси вилоят се сол инҷониб амалӣ гардида, дар ин давра Беморхонаи клиникии вилоятии бачагона, Маркази микроҷарроҳии чашм ва таваллудхонаи вилоятӣ бо шабакаҳои гармидиҳии мутамарказонида таъмин гардиданд. Ҳамчунин, бо иқдоми раисони шаҳру навоҳии вилоят як қатор амалҳои созанда дар самти бунёди гармидиҳии муассисаҳои тиббӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар шўъбаҳои 1-2-юми Беморхонаи клиникии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд, беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Гулистон, Бўстон, Конибодом, Панҷакент ва ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Мастчоҳ, Шаҳристон корҳои таъмирӣ гузаронида шуда истодаанд. Бояд гуфт, ки аз оғози соли равон то ин муддат барои корҳои таъмиру тармимӣ дар иншооти тиббӣ беш аз 5 миллион сомонӣ масраф гардид.

Инчунин гуфта мешавад  соли ҷорӣ  дар соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор додани 2 иншоот дар назар аст. Ин ҳам бошад, шўъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич ва шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом. Маблағгузории ин иншоот пурра аз буҷети вилоят сурат гирифта, таҷҳизоту лавозимоти муосир аз давлатҳои мутараққӣ харидорӣ мегардад. Бо дастгирии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” бошад, дар се ноҳияи таҷрибавии вилоят; Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Мастчоҳ сохтмони якчанд марказҳои саломатӣ оғоз гардидаанд.

Иқдоми неки аҳолӣ низ дар рафти корҳои ободониву созандагӣ, ҳамзамон, сохтмону баистифодадиҳии иншооти тандурустӣ, аз ҷумла, бунёди бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Ашт ва Мастчоҳ боиси зикр аст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,059
  • 1,242
  • 950,079