14 июн-Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун

Июн 14
10:42 2017

Ҳамасола дар ҷаҳон   14 июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун таҷлил карда мешавад. Ин рӯзро дар тоҷикистон низ ҳамасола чашн мегиранд, ки ҳадаф аз он тарғибу ташвиқи хун додан  ба эҳтиёҷмандон ва эҳсоси ҳамдиливу ҳамдардӣ миёни инсонҳои саросари олам аст. Баргузории ин рӯз ба зодрӯзи кашфкунандаи гурӯҳҳои хуни инсон, табиби австриягӣ Карл Ландштейнер рост меояд, ки он аз 14 июни соли 2005 бо қарори Ассамблеяи байналмилалии тандурустӣ  ба ҳукми анъана даромада аст.

Ҳамасола аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд. Мақсад аз баргузории онҳо ҷалби бештари мардум ва  бисёр намудани донорҳои ихтиёрӣ мебошад. Имсол низ бахшида ба ин рӯз бо шиори «Хун супор, ҳаётро наҷот деҳ!» аз 1  то 24 май аксия гузаронида шуд, ки дар он беш аз 2 ҳазор нафар иштирок намуданд. Сабаби пештар гузаронидани ин рӯз дар он буд, ки  14 июн ба моҳи шарифи Рамазон рост  омад.

26 майи соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи донори хун ва ҷузъҳои он» ба тасвиб расид, ки он муносибатҳои вобаста ба рушди донории хун ва ҷузъҳои онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  танзим намуда, амалӣ гардидани чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва тиббии ташкили ҳаракати донорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи донорҳоро таъмин менамояд. Тибқи моддаи 2 Қонуни мазкур, ҳар шаҳрванди аз 18 то 65 сола, ки дар натиҷаи аз муоинаи тиббӣ гузаштан гирифторшавии ӯ ба бемориҳое, ки зидди нишондоди донорӣ мебошанд, ошкор нашудааст, донор шуда метавонад.   Ба сифати донор шахсоне дониста мешаванд, ки ҳадди аққал ҳар сол як ё ду маротиба хун ва ё ҷузъҳои онро месупоранд. Инчунин дар моддаи  10  ин Қонун омадааст, ки донорҳо дар рӯзи супоридани хун аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор бо хӯроки ройгон таъмин карда мешаванд. Донорҳо ҳуқуқ доранд, ки пас аз супоридани хун бар ивази хӯрок ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни пулӣ гиранд. Дар рӯзи супоридани хун ҷузъҳои он ва муоинаи тиббӣ кормандоне, ки донор мебошанд аз ҷониби корхона ва ташкилоту муассиса бо нигоҳдории маблағи миёнаи музди меҳнат ҷавоб дода мешаванд

Шахсоне, ки новобаста аз собиқаи донорӣ: мардон на камтар аз 20 литр ва занон на камтар аз 15 литр хун ва ё плазма супоридаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» барои гирифтани унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» пешниҳод карда мешаванд.

Аз соли 2010  то инҷониб шумораи донорҳои ихтиёрии бемузд  аз 50 то ба 87 фоиз расидааст, ки ин  дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондоди хуб ба ҳисоб меравад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Марказ пурра бозсозӣ шуда, бо таҷҳизоти наву замонавӣ ҷиҳозонида шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 960
  • 1,242
  • 949,980