Масъалаҳои ҳифзи саломатии модар ва кӯдак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд

Масъалаҳои ҳифзи саломатии модар ва кӯдак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд
Апрел 08
13:00 2021

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи солимии модар ва кӯдак бо Ёшико Акияма, роҳбари Лоиҳаи “Беҳтаргардонии низоми ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар вилояти Хатлон, фазаи 2” ва Конхара Макико, муовини роҳбари Лоиҳаи болозикр, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.

Сараввал Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро барои дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷопон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан ба модарон ва кӯдакон дар Тоҷикистон ва бахусус вилояти Хатлон изҳор намуд.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ ҷараёни татбиқи Лоиҳаи “Беҳтаргардонии низоми ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар вилояти Хатлон, фазаи 2” мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифта, аз ҷониби Ёшико Акияма, роҳбари Лоиҳаи макзур қайд гардид, ки Лоиҳа аз рӯи нақша бояд моҳи июли соли 2021 ба анҷом мерасид, вале бо сабаби сар задани пандемияи COVID – 19 аксарияти чорабиниҳо ба таъхир афтоданд ва бинобар ин, муҳлати татбиқи Лоиҳа ба муддати 17 моҳ дароз карда шуда, моҳи декабри соли 2022 ба анҷом мерасад.

Дар ҳамин раванд, иттилоъ дода шуд, ки ба таври илова корҳои бо обтаъминкунии беморхонаҳои марказии ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Левакант ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, ба масъалаҳои баланд бардоштани потенсиалии кадрии мутахассисони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа (Норак, Кӯшониён, Балҷувон, Ховалинг, Муминобод ва Левакант) тавассути ба роҳ мондани омӯзишҳои пайваста, ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила байни сохтори госпиталӣ ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд.

Ҳамзамон, қайд кардан лозим аст, ки масъалаи пешгирии сироят дар муассисаҳои пешгирию табобатӣ, бахусус сохтори госпиталӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ  ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,063
  • 1,242
  • 950,083