Кумаки кормандони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ниёзмандон

Июн 21
11:03 2017

Ба ҳолати 20 июни соли ҷорӣ 12 766 сомонӣ маблағи фитри рӯза, ки  кормандони муассисаҳои системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷамъ карданд,  ҷиҳати дастрас намудан ба ниёзмандон супорида шуд. Ин иқдом дар маҷлиси умумии Иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 19 июн сурат гирифт ба амал омадааст.

Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Холзода Абдулҳаким Қувват зимни баромади хеш дар чорабинӣ қайд  намуд, ки  аз қадимулайём кӯмак намудану дасти ёрӣ дароз кардан ба шахсони ниёзманду барҷомонда аз анъанаву суннатҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб мерафт ва то имрӯз ин хислати неки инсонӣ  боқӣ мондааст.

Кӯмаку дастгирӣ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвари хирадмандамон Асосгузори сулҳу Ваҳадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону пиронсолон ва дигар табақаҳои аҳолии эҳтиёҷманд далели гуфтаҳои болост.

Кӯмаки кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандону табақаи камбизоати аҳолӣ идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 905
  • 1,242
  • 949,925