Шумораи табибони оилавӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад

Июл 03
11:12 2017

Бо мақсади афзун намудани шумораи табибони оилавӣ ва ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016  «Дар бораи нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020» 62 нафар табибон, муттахассисони миёнаи тиббӣ дар вилояти Хатлон ба курсҳои бозомӯзии шашмоҳаи тибби оилавӣ фаро гирифта шуданд.

Курсҳои омузишӣ дар доираи ҳамкориҳо бо Лоиҳаи “Беҳтарсозии ғизодиҳӣ дар ноҳияҳои таъминнотнокии ғизояш дар сатҳи ноустувор қарордоштаи вилояти Хатлон” роҳандозӣ гардидааст.

Гуфта мешавад аз 64 нафар мутахассисони соҳаи тибби ба курсҳои омӯзишӣ ҷалбгардида 16 нафарашро табиб ва 46 нафари дигарро кормандони миёнаи тиб ташкил менамояд.

Мутахассисони ба курсҳои бозомузӣ ҷалбгардида  аз шаҳру навоҳии Норак, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Панҷу Фархор, Восеъ, Ш.Шоҳин, Балҷувон, Темурмалик, Ховалинг буда, зимни бозомузӣ мутахассисон бо хобгоҳ, толорҳои дарсгузаронӣ, борхалтаҳои тибби оилавӣ барои кӯмаки тиббӣ таъмин гаштаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 949
  • 1,242
  • 949,969