Шиносоӣ бо фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Данғара ва Кӯлоб

Шиносоӣ бо фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Данғара ва Кӯлоб
Май 11
12:10 2021

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара дидан намуда, бо рафти хизматрасонии он аз наздик шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаи мазкур барои ташхис ва табобати беморон шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти табобати як қатор беморон низ шинос гардида, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба роҳбарияти беморхонаи мазкур дустуру супоришҳои мушаххас дод.

Инчунин, шаби 10 майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода аз фаъолияти шабонаи Беморхонаи марказии  ноҳияи Кӯлоб низ дидан намуд.

Зимни вохурӣ мавсуф иброз дошт, ки беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон  ба шумор рафта, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ менамояд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар баробари дигар шаҳру навоии мамлакат дар ноҳияҳои Данғара ва Кӯлоб низ рушд намуда, баҳри таъмини солимии аҳолӣ дар ноҳияҳои болозикр тамоми шароит ва имконоти муосид фароҳам оварда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,028
  • 1,242
  • 950,048