Дар Тоҷикистон иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ (полиомиелит) оғоз гардид

Дар Тоҷикистон иммунизатсияи иловагӣ бар зидди  бемории фалаҷ (полиомиелит)  оғоз гардид
Май 31
09:28 2021

Имрӯз,  31 майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба оғози Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди  бемории фалаҷ (полиомиелит) дар Тоҷикистон брифинги хабарӣ доир гардид, ки дар он сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Навруз Ҷафаров, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавски,   Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави,  роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд,  шурӯъ аз имрӯз, 31 майи сар карда тақрибан 1.4 миллион кӯдакони Тоҷикистон дар давоми Рӯзҳои  иммунизатсияи иловагӣ зидди бемории фалаҷ фаро гирифта мешаванд. Дар доираи ин чорабинӣ ба волидайн ва парасторон қатъиян тавсия дода мешавад, ки то 5 июн гирифтани вояи якуми ваксинаи ба тариқи даҳон истифодашавандаи зидди бемории фалаҷро ба фарзандони худ, ки баъд аз 1 январи 2016 таваллуд шудаанд, таъмин намоянд. Ҳатто агар кӯдак мувофиқи тақвими миллӣ ва дигар чорабиниҳои иммунизатсионӣ ба мисоли чорабинии иммунизатсионионие, ки дар моҳи феврали соли 2021 бар зидди бемории фалаҷ, ки ба тариқи тазриқ гузаронида шуда буд, гирифта бошад.

Қайд гардид, ки полиомиелит бемории сироятӣ ва ниҳоят хатарнок буда, сабабгораш полиовирусҳо мебошанд. Бемории фалаҷ метавонад ба фалаҷи якумра ва ба фавт оварда расонад. Танҳо иммунизатсия ба воситаи якчанд вояҳои ваксинаҳо метавонад пеши роҳи ин бемориро гирад.

Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур таҳти роҳбарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгириии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ), Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва дигар шарикон дар доираи Ташаббуси глобалии маҳви бемории фалаҷ (GPEI) гузаронида мешавад.

Мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур – ин боз ҳам мустаҳкам намудани масунияти кӯдакони синнашон то 5 сола бар зидди бемории фалаҷ ва нигоҳ доштани мавқеъи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ мебошад.

Барои гузаронидани  Рӯзҳои  иммунизатсияи иловагӣ зидди бемории фалаҷ  дар давоми моҳи майи соли ҷорӣ ЮНИСЕФ ва СУТ 4.6 миллион вояҳои ваксинаро ба кишвар дастрас намуданд.

 Чиро бояд волидайн донанд?

Волидайн ва парасторони кӯдакони баъд аз 1 январи соли 2016 таваллудшуда аз ҷониби табибони оилавӣ ё корманди тиббии муассисаи тандурустии наздиктарин даъватномаро хоҳанд гирифт.

Барои шахсоне, ки берун аз ҷои истиқомати доимӣ қарор доранд, иммунизатсия метавонад дар ҷои муваққатӣ ҳозир буданаш дастрас бошад. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ волидайн ва парасторон бояд ба наздиктарин муассисаи тиббӣ муроҷиат намоянд.

Як вояи ваксинаи ба тариқи даҳон истифодашавандаи зидди бемории фалаҷ, ки дар давоми чорабинии зерин истифода хоҳад шуд, аз ду қатра ваксина иборат мебошад ва ба даҳони кӯдак чаконида мешавад. Вояи дуюм дар давоми даври дуюми чорабинӣ гузаронида мешавад, ки он аз 28 июн то 3 июл ба нақша гирифта шудааст.

Бо шарофати барномаҳои миллии иммунизатсия ва сатҳи баланди фарогирии иммунизатсияи нақшавӣ, то имрӯз тамоми 53 кишварҳои минтақаи Аврупои СУТ, аз ҷумла Тоҷикистон озод аз бемории фалаҷ мебошанд. Аммо вируси фалаҷ метавонад ба осонӣ ба кишвари аз полиовирус озод ворида шуда, миёни аҳолии иммунизатсияро ба пуррагӣ нагирифта, зуд паҳн шавад. Кӯшишҳои пайваста дар самти иммунизатсия ва назорати эпидемиологии бемориҳо метавонанд барои нигоҳ доштани мақоми минтақаи озод аз бемории фалаҷ кӯмак расонанд ва кафолат диҳанд, ки ягон ҳолати бемории фалаҷ номуайян намемонад.

Дар идомаи брифинги хабарӣ як қатор рӯзноманигорон доир ба масъалаи мазкур саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби мутахассисон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 677
  • 1,242
  • 949,697