Қисмати «Б»-и бинои Беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод – таваллудхона мавриди истифода қарор мегирад

Қисмати «Б»-и бинои Беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод – таваллудхона мавриди истифода қарор мегирад
Май 31
16:13 2021

Бо мақсади  дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар арафаи ин ҷашни миллӣ  қисмати «Б»-и  бинои беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод мавриди баҳрабардорӣ қарор  дода мешавад. Бинои мазкур барои таваллудхонаи марказии ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат пешбинӣ шудааст.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ба хабарнигори АМИТ “Ховар” Субҳониддини Маҳмуд гуфтанд, ки корҳои пардозкунии қисмати “б”-и  беморхонаи марказии шаҳраки Дарбанд  соли сипаришуда  оғоз гардидааст. Айни замон дар қисмати берунии бино  корҳои рангуборкунӣ ба анҷом расида, чунин амал  дар дохили бино  ва  корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар атрофи он бомаром идома доранд. Маблағгузори иншооти мазкур  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, корҳои сохтмонии онро  ҶДММ “Рамзес” ба ӯҳда дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Нуробод дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, сармоягузорон ва  соҳибкорону сокинон  дар доираи ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 248 иншооти таъйиноти  гуногунро бунёд мешавад. Аз ин теъдод  185 иншоот   мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта,  корҳои сохтмонӣ дар 63 адади он  идома дорад.

Тибқи иттилои масъулин,  ба ҳолати якуми майи соли равон дар ин иншоот 246 ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ муҳаё гардидаанд.

АКС аз муаллиф

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,069
  • 1,242
  • 950,089