Ҷаласаи Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти акушер – гинекологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид

Ҷаласаи Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти акушер – гинекологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид
Июн 05
18:43 2021

Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогии Тоҷикистон ҷаласаи Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти акушер-гинекологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода, аъзоёни ташкилоти мазкур иштирок намуданд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки ҳар як соҳа шахсони шоиста дорад, ки барои рушди соҳа саҳми худро мегузоранд. Соҳаи акушерӣ ва гинекологии Тоҷикистон низ дорои чунин шахсон мебошад, ки онҳо  дар рушди соҳа ва барои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар  тули солҳои зиёд хизмат карда истодаанд.

Зикр гардид, ки Ҷамъияти акушер – гинекологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1980 дар базаи Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон дар баробари таъсисёбии пажӯҳишгоҳи мазкур таъсис дода шудааст.

Аз соли таъсисёбиаш ҷамъият дар баргузоркунии семинарҳо, барномаҳои миллӣ ва анҷуманҳо саҳми худро гузаштааст. Инчунин, дар давоми фаъолияташ ҷамъият дар тартиб додан ва ҷори намудани стандартҳои миллӣ, протоколҳои миллӣ саҳми калон гузоштааст.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор собиқадорони соҳа қадрдонӣ карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 953
  • 1,242
  • 949,973