Дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд бо иштироки директорони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати риояи гигиенаи ҷамъиятӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ машварати корӣ баргузор гардид.
Тахмина Усмонова, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд вохӯриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали пайдоиш ва паҳншавии пандемияи бемории сироятии короновирус аз тамоми имконоту василаҳо истифода бурда, ҷиҳати рафъи он дар асоси дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои назарраси мусбат муяссар гардид.
Қайд карда шуд, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои пешгирикунанда андешида мешаванд ва ҷиҳати мубориза бо ҳар гуна бемориҳо шароити лозима муҳайё гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар доираи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо маъракаи ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани кормандони соҳаи тандурустӣ бо маром идома дорад.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки имрӯзҳо низ вазъи эпидемологӣ дар вилояти Суғд зери назорати қатъии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ қарор гирифта, кормандони ин муассисаи тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ ва корҳои фаҳмондиҳӣ як қатор чорабиниҳоро пиёда намуда истодаанд.
“Ҳарчанд аз оғози соли равон ягон ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, мо набояд бепарво бошем, зеро дар як қатор кишварҳои Аврупо ва давлатҳои ҳамсоя шакли нави бемории короновирус бошиддат паҳн шуда истодааст. Сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кӯча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд”-зикр гардид дар машварати корӣ.
Мулоқот бо мубодилаи афкор ва пешниҳодоти мушаххас анҷом пазируфт.