Ҳавои ғуборолуд ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад? Назари мутахассис

Ҳавои ғуборолуд ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад? Назари мутахассис
Апрел 15
16:56 2023

Вазъи боду ҳаво, махсусан, ҳавои чангу ғуборолуд ба саломатии инсон таъсири манфӣ дошта, он боиси пайдо шудан ва хуруҷи бемориҳои илтиҳобӣ ва аллергикӣ шуда метавонад. Инчунин, ҳавои номусоид сабаби хуруҷи бемориҳои музмини узвҳои нафаскашӣ, бемориҳои дилу рагҳои хунгард ва буғумҳо низ мегардад.

Бино ба гуфтаи директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Мухторова, бемориҳои хусусияти мавсимӣ дошта, ба мисли диққи нафас, ринити аллергикӣ (хунукии умумӣ), полиноз, бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ ва бемориҳои системаи масуният дар чунин ҳаво метавонанд хуруҷ бикунанд. Бинобар ин, бемориҳои мавсимӣ низ ба мисли сирояти шадиди роҳҳои нафас, илтиҳоби бронхҳо ва шушҳо метавонанд дар чунин ҳавои ғуборолуд ҷараёни бемориро вазнинтар гардонанд. Зеро, дар бадани шахсони гирифтори чунин бемориҳо ҷараёнҳои илтиҳобӣ ва аллергикӣ хуруҷ намуда, медиаторҳои илтиҳоби ва аллергикӣ, ба мисли гистамин, серотонин, брадикинин зиёдтар ҷудо мешаванд ва равиши бемориро вазнинтар мегардонанд. Тибқи гуфтаи ҳамсуҳбати мо, аз бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард бештар шахсони гирифтори бемории ишемиявии дил, фишорбаландии шараёнӣ, бемориҳои тарбодӣ дар ин вазъи ҳаво азият мекашанд.

-Дар ингуна боду ҳаво ба беморони дар боло зикршуда тавсия дода мешавад, ки бе зарурат ба сайругашт ва сафарҳои дур набароянд ва ё ҳангоми аз хона берун шудан, ҳатман аз ниқоби тиббӣ истифода баранд. Он маводҳои доруворие, ки пайваста истеъмол менамоянд, бо худ дошта бошанд ва саривақт онҳоро истифода кунанд. Дар сурати бад ҳис намудани вазъи саломатияшон, фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш ва ё ба Ёрии таъҷилӣ занг бизананд ва онҳоро ба хона даъват намоянд,-иброз дошт номбурда.

Парвина Мухторова қайд намуд, ки новобаста аз чунин вазъи ҳаво, беморони дар боло зикршуда бояд ҳатман реҷаи парҳезро риоя намоянд.

Ҳамзамон, дар чунин вазъи ҳаво ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки хонаи истиқоматӣ ва утоқҳои кории хешро тоза нигоҳ доранд. Махсусан, бо матои намнок мизу курсӣ, дару тиреза, фарш ва ҷевонҳоро давоми рӯз якчанд маротиба аз чанг тоза намоянд. Дар ҷараёни рўбучини хона аз чангкашаки барқӣ истифода намудан беҳтар мебошад, зеро он чангро дар худ нигоҳ медорад.

Ҳамзамон, дар давоми рӯз якчанд маротиба шустан ва тоза намудани ковокии биннӣ ва гулӯ бо маҳлулҳои соддаи 2% ва оби ҷӯшомадаи ширгарм ва истифодаи нӯшокиҳои гарм тавсия дода мешавад.

Дар ингуна вазъи ҳаво ҳангоми дар хона мондан шаҳрвандонро зарур аст, ки барои баланд бардоштани масунияти бадани хеш ба варзиш машғул шаванд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 98
  • 989
  • 887,452