Ҳадафи мо беҳтаргардонии сифати хизматрасонист

Ҳадафи мо беҳтаргардонии сифати хизматрасонист
Июн 10
13:30 2021

Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» яке аз лоиҳаҳои амалкунанда ва афзалиятнок ба шумор рафта, ба «Стратегияи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2023» ворид карда шудааст.

Қисмати якуми он «Маблағгузорӣ дар асосӣ натиҷаҳои фаъолият» ба ҳисоб меравад. Дар доираи қисмати мазкур татбиқи таҷрибавии маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият (МАНФ) дар зинаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар даҳ ноҳияи вилоятҳои Хатлон (Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён) ва Суғд (Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ) ва ноҳияи Файзобод ва васеъкунии минбаъдаи татбиқи МАНФ дар 6 ноҳияҳои нави таҷрибавии ҷумҳурӣ (Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, Зафарободи вилояти Суғд ва Дарвози ВМКБ) дастгирӣ карда мешавад. Ҳамин тавр, татбиқи механизми МАНФ дар 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ дар соли 2021 банақша гирифта шудааст.

Дар доираи маблағгузории иловагӣ аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” Дастурамали механизми  маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият (МАНФ)-ро дар таҳрири нав аз чоп бароварда, дастраси  мутахассисон гардонид. Ин дастурамал ҳамчун раҳнамои муайянкунандаи механизми маблағгузории иловагӣ барои мутахассисони тибби оилавӣ, ки дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ фаъолият доранд, пешниҳод гардид.

Имрузҳо даврҳои омӯзишӣ оид ба роҳандозии ин механизми наву босамар ва истифодаи дурусти  дастурамали номбурда дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа идома дорад. Воридсозии ин механизм дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ ба табибону ҳамшираҳои оилавӣ имкон медиҳад, ки дар баробари маоши доимии худ барои кори хуб ва хизматрасонии саривақтиву босифат  аз ҷониби Лоиҳа дастгирӣ ёбанд. Дар доираи амалисозии Лоиҳа беш аз 2 миллион корманди тиб метавонад ба таври иловагӣ  мукофотпулӣ гирифтаву  қариб 465 муассисаи тиббӣ дар натиҷаи фаъолияти босамар барои беҳтар сохтани шароити кору инфрасохтори муассисаи хеш мавблағи иловагӣ  пайдо кунанд.

Дар доираи даврҳои омӯзишии баргузоргардида мутахаасисони Лоиҳа роҳу воситаҳои  механизма маблағгузори дар натиҷаи фаъолиятро шарҳ дода, истифодаи дурусти Дастурамали МАНФ – ро ба пуррагӣ шарҳ доданд.  Зимни вохуриҳо мутахассисон дар хусуси тағйиру иловаҳо дар  бахши нишондидандаҳои   МАНФ,  тартиби пардохти  иловапулиҳо ва роҳҳои дурусти истифодаи онҳо барои рушди сохтор дар маҳалҳо, роҳу усуслҳои  самараноки дастгирии кормандони соҳа, бахусус кормандони миёнаи тиб дар сатҳи деҳот маслиҳату машваратҳо доданд.  Аз ҷумла, қайд гардид, ки минбаъд таваҷҷуҳи бештар  ба ташрифҳои хонагӣ (патронаж) аз ҷониби кормандони тиб дода  хоҳад шуд.

Дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (ба сифати маъмури Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна) лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ), ки 16 ноябри соли 2020 ба имзо расидааст, фаъолияти босамари худро  идома медиҳад.

Лоиҳа бо мақсади баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла дар сатҳи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузории дуюми иловагро дар шакли пурра грантӣ амалӣ менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 958
  • 1,242
  • 949,978