Ҷиҳати пешгирии бемори COVID-19 вохӯрии Ораш Алоӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир шуд

Ҷиҳати пешгирии бемори COVID-19 вохӯрии Ораш Алоӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир шуд
Июн 16
18:09 2021

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳурияви ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  мақсади баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва сари вақт огоҳ намудани аҳолӣ оид ба  хатари бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19  вохӯрии табиби маъруфи эронитабори Амрико, сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк (ИМА) Ораш Алоӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Нахуст директории  Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳурияви ташаккул тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова  иброз дошт, ки имрӯзҳо ба назар мерасад, ки шаҳрвандон нисбат ба саломатии худ беэътиноӣ зоҳир намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои тиббӣ кам истифода менамоянд ва фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд.

«Ҳарчанд, ки дар мамлакати мо COVID-19 нест, вале ин маънои онро надорад мо нисбат ба ин масъала бетараф бошем. Хуруҷи ин беморӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад ва мо набояд дар ин масъала бепарвоӣ зоҳир намоем. Намояндагони воситаҳои ахбори омма имкони анҷоми  корҳои назаррасро ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ доранд ва бояд дар ин ҷода фаъолнокӣ нишон диҳанд»,- афзуд П. Мухторова.

Сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ иброз дошт, ки воситаҳои  ахбори омма дар  пешгирӣ аз бемории   COVID-19 саҳми намоён  дошта, журналистонро лозим аст, ки дар ин самт барномаву роликҳои оммафаҳм ва диққатҷалбкунандаро омода намоянд.

«Пӯшидани ниқоб, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ  ва дигар чораҳои эҳтиётӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ мебошад. Ман мушоҳида мекунам, ки дар Душанбе мардум  бисёр бепарвоӣ  зоҳир мекунанд, ки ин боиси нигаронист. То пурра аз байн рафтани ин бемории сироятӣ дар ҷаҳон  ҳамагонро лозим аст, ки эҳтиёт бошанд ва қойидаҳои заруриро ҷиҳати пешгирии covid-19  риоя намоянд.   Намояндагони ВАО бояд барномаҳои тарғиботиро дар ин мавзӯъ бештар намоянд, то ки шаҳрвандон эҳтиёткор бошанд»,- таъкид намуд Ораш Алоӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,026
  • 1,242
  • 950,046