COVID-19: Дар Тоҷикистон беш аз 361 ҳазор нафар бар зидди бемории мазкур ваксина гирифтаанд

COVID-19: Дар Тоҷикистон  беш аз 361 ҳазор нафар бар зидди бемории мазкур  ваксина гирифтаанд
Июл 10
15:14 2021

То  санаи 9 июли соли равон дар Тоҷикистон беш аз 361 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 19 ҳазору 940 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Дар ин росто қайд кардан ҷоиз аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Мутахассисони соҳаи тиб яке аз роҳҳои мубтало нашудан ба бемории COVID-19-ро дар гирифтани ваксина бар зидди сияроти мазкур маънидод мекунанд.

Бояд гуфт, ки маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус  дар ҷумҳурӣ идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 715
  • 1,242
  • 949,735