Натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар нимсолаи аввали соли 2021

Натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар нимсолаи аввали соли 2021
Июл 16
16:54 2021

Имрӯз, 16 июли соли равон дар  маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа Шодихон Ҷамшед ҷаласаи васеи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар давраи нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 баргузор гардид, ки дар он сардори Хадамоти давлатии ташхисию тиббию иҷтимоӣ, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои соҳавии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, дар давраи ҳисоботӣ сохторҳои марбутаи вазорат, ки фаъолияташон ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ алоқаманд мебошад, аз ҷумла Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Агентии давлатии  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, МД “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон, МД “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва иннватсияҳо”, КД “Заводи протезию ортопедӣ”-и ш. Душанбе, МД марказҳои тавонбахшии  маъюбон ва дигар ташкилоту муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ, ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ба хусус табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ба монанди маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин кӯдакони ятиму бесарпараст ва оилаҳои камбизоат равона гардида, дар партави иҷрои қонунҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

Тазаккур бояд дод, ки фаъолияти муассисаҳои хадамоти иҷтимоӣ бобати дар сатҳи зарурӣ расонидани хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ба истифодабарандагон таҳти назоратӣ доимии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва сохторҳои марбутаи он қарор дошта, пайваста омӯзишҳо гузаронида мешаванд. Чунончи, тибқи супориши дахлдори вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони масъули вазорат ва сохторҳои алоқаманди он дар муассисаҳои хадамоти иҷтимоӣ мунтазам гардишҳои шабонарӯзӣ доир карда мешаванд.

Дар ҷараёни гардишҳои доиркардашуда фаъолияти навбатдории муассисаҳо дар рӯзҳои ид, вазъи хизматрасонии иҷтимоӣ,  вазъи риояи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши  сирояти нави коронавирус (COVID-19), нигоҳдорӣ ва истифодабарии маводҳои доруворӣ, маводҳои безараргардонӣ, риояи меъёри хӯрока ба бошандагон аз рӯи меъёри тасдиқшуда, дурустии бақайдгирии воридот ва хароҷоти кӯмакҳои хайриявӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, риояи одоби муошират, интизоми меҳнат ва сару либоси ягонаи кормандон, рафти корҳои ободонию созандагӣ  мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ кумакҳои амалию методӣ расонида мешаванд.

Таъмин намудани маъюбон ва собиқадорони ҷангу меҳнат низ яке аз самтҳои муҳими хизматрасонии иҷимоӣ маҳсуб ёфта, бо мақсади ташкили табобати санаторию курортӣ дар низоми ҳифзи иҷтимоӣ як осоишгоҳ – Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатию  профилактии маъюбон ва ветеранҳои ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб», се истироҳатгоҳҳо: «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун», «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат ва «Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Биби Фотимаи Заҳро»-и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар ноҳияи Роштқалъа (Занинс)» фаъолият менамоянд. Тибқи оинномаи муассисаҳои болозикр айни замон фаъолияти онҳо мавсимӣ буда, мавсими истироҳатии навбатии соли ҷорӣ аз моҳи май оғоз гардида, моҳи  октябр  ба анҷом мерасад. Имконияти осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо дар як басти истироҳатӣ то  320 кат-ҷойро ташкил дода,  дар мавсими истироҳатии соли 2021-юм 1780 адад роҳхатҳои ройгон ба имтиёздорон ҷудо карда шудаанд.

Дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои номбаргардида ҳоло аз рӯи  табобатҳои гуногун, аз ҷумла: табобат бо обҳои табиӣ, табобати физиотерапевтии барқӣ, лойгузорӣ, парафин, озокерит, ваннаҳои сиркулярӣ, масҳ, сӯзандармонӣ, муми куҳӣ, масҳи обӣ, буғи хушк, қумдармонӣ ва ғайра хизмат расонида мешавад.   Дар ҳамаи муасиссаҳо  фитобарҳо  ташкил карда шуда, аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ барои истироҳаткунандагон  нӯшокиҳои давобахш  омода мешаванд. Ҳамзамон дар муассисаҳо ҷамъоварӣ ва захираи гиёҳҳои  шифобахш ба роҳ монда шудааст.

Дар идомаи ҷаласа як қатор роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба фаъолияти сохторҳои хеш дар давраи ҳисоботӣ баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 903
  • 1,242
  • 949,923