Далелҳои асосӣ

Октябр 20
15:40 2016

Тамоку аз нисф зиёди истеъмолкунандагонашро ба марг оварда мерасонад.

·              Ҳамасола дар курраи замин тамоку сабабгори марги қариб 6 миллион одамон мегардад, ки аз ин шумора зиёда аз 5 миллион ҳолат дар байни истеъмолкунандагони кунунӣ ва собиқ истеъмолкунандагони тамоку, ҳамчунин беш аз 600 000 шахсони гирифторони таъсири дуди тамоку ба қайд гирифта шудааст.

·              Дар ҷаҳон аз як миллиард истеъмолкунандагони тамоку, 80% -ашон дар кишварҳои даромадашон миёна ва паст зиндагӣмекунанд.

Сабҳои асосии марг, бемориҳо ва бенавошавӣаз тамоку

Дар тамоми олам истеъмоли тамоку яке аз хатарҳои хеле калон барои саломатии инсонҳо мебошад. Ин омил ҳамасола, сабабгори марги қариб 6 миллион одамон мегардад, ки аз ин шумора беш аз 5 миллион ҳолат дар байни истеъмолкунандагони кунунӣва собиқ истеъмолкунандагони тамоку, ҳамчунин беш аз 600 000 шахсони гирифторони таъсири дуди тамоку ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳар 6 сония аз таъсир ва истемоли тамоку тақрибан як нафар ба ҳалокат мерасад, яъне аз даҳ ҳолати фавт, байни одамони калонсолу миёнасол, якеаш бо сабаби таъсири тамоку дониста мешавад. Беш аз нисфи истеъмолкунандагони тамоку дар шароити ҳозира, аз бемориҳое мефавтанд, ки пайдоишашон ба тамокукашӣалоқамандӣдорад.

Дар саросари олам қариб 80%, аз шумораи зиёда аз як миллиард истеъмолкунандагони тамоку дар кишварҳои даромади иқтисодиашон миёна ва паст умр ба сар мебаранд, ки бо сабаби тамокукашӣгирифтори бемориҳои аз тамоку пайдошаванда ва ба марг расонанда мегарданд.

Аксар истеъмолкунандагони тамоку пеш аз муҳлат ба марг расида, оилаи худро аз даромади иқтисодӣмаҳрум месозанд ва ҳамзамон қиммати ёриҳои тиббиро боло бурда, ба рушди иқтисодии оилаву ҷомеа монеъ мегарданд.

Дар баъзе кишварҳо кӯдакон аз оилаҳои камбизоат аксар маврид барои таъмин намудани даромади оила дар киштзорҳои тамоку ба кор медароянд. Ин кӯдакон аксаран ба «бемории тамокуи сабз» алоқамандӣпайдо мекунанд ва ин беморӣаз моддаҳои никотине падид меояд, ки ҳангоми коркарди баргҳои рутубатдори тамоку ба воситаи пӯст ҷаббида шуда, ба бунияи инсон дохил мегарданд.

Марговари ором

Дар алоқамандӣба он, ки аз лаҳзаҳои аввали истеъмоли тамоку то пайдоиши вайроншавии мубодилаи моддаҳои бунияи (саломатии) одамони тамокукаш якчанд сол сипарӣмегардад, исбот шудаааст, ки паҳншавии (эпидемияи) бемориҳо аз таъсири тамоку ва ба марг оварда расонидани онҳо, ҳанӯз дар ибтидои истеъмоли тамоку ҷараён мегирад.

·              Дар асри XXтамоку сабабгори беш аз 100 миллион ҳолати марги одамон гардидааст. Аммо бо назардошти олимону коршиносон, агар ин тамоюл нигоҳ дошта шавад, чунин шумора дар асри XXIто ба як миллиард расиданаш аз эҳтимол дур нест.

·              Агар чораҳои зарурӣандешида нашаванд, то соли 2030 дар ҷаҳон ҳамасола шумораи фавтидагоне, ки маргашон ба истеъмоли тамоку алоқамандӣдорад, ба 8 миллион мерасад. Беш аз 80% ин ҳолати фавт дар кишварҳои даромадашон миёна ва аз меъёр поин ба амал меояд.

Назорати беҳдоштӣнақши ҳалкунанда мебозад

Дар натиҷаи мониторинги мувофиқ, ошкор намудани андоза ва хосияти истеъмоли тамоку, ҳамчунин роҳҳои мувофиқсозии сиёсати он имконпазир дониста мешавад. Танҳо ҳар кишвари чоруми сайёра, ки дар он аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон умр ба сар мебаранд, мониторинги истеъмоли тамокуро, тавассути ба роҳ мондани пурсишҳои мушаххас дар байни ҷавонон ва калонсолон, ҳадди ақал дар 5 сол як маротиба мегузаронад.

Ҳосилаи дуди тамоку ба марг мерасонад

Ҳосилаи дуди тамоку – ин дуде аст, ки дар тарабхонаҳо, идораҳо ва дигар биноҳои пӯшида, тавассути дуд додани сигор, биди ва қалён паҳн мегардад. Исбот шудааст, ки дар таркиби дуди тамоку беш аз 4000 моддаҳои кимиёвӣ, ки ҳадди ақал 250 намуди онҳо ба саломатӣхатарнок ва аз зиёда аз 50 намудашон кансерогенҳо (таҳриккунандаи бемории саратон) мебошанд, мавҷудият доранд. Ҳадди бехатарии таъсирнокии ҳосилаи дуди тамоку вуҷуд надорад.

Ҳамин минвол, таъкид мешавад, ки:

·              Ҳосилаи дуди тамоку дар байни одамони калонсол бемориҳои хатарноки дилу рагҳои хунгард ва роҳи нафас, ҳамчунин бемории ишемияи дил ва саратони шушро ба вуҷуд меоварад. Дар байни кӯдакони ширмак бошад, ин ҳосила боиси марги онҳо шуданаш мумкин аст. Инчунин, ҳосилаи ин дуд ба занҳои ҳомила низ таъсири манфӣрасонида, боиси тавлиди кӯдаки норасо ва кӯдакони камвазн мегардад.

·              Қариб нисфи кӯдакони кишварҳои олам дар ҷойҳои ҷамъиятӣва биноҳои пӯшидаи истифодаи умум ба воситаи нафаскашии ҳаво дуди ифлоси тамокуро фурӯмебаранд.

·              Ҳадди ақал яке аз волидайни зиёда аз 40% кӯдакони ҷаҳон, ба истеъмоли тамоку майл доранд.

·              Ҳосилаи дуди тамоку сабабгори марги пеш аз муҳлати беш аз 600 ҳазор одамони сайёра дар як сол мегардад.

·              Танҳо дар соли 2004 28% марги кӯдакон ба ҳосилаи дуди тамоку алоқамандӣдошт.

·              Зарур аст, ки ҳар як инсон аз ҳавои тозаи бе дуди тамоку нафас гирад. Қонунҳои алоҳидаи кишварҳо ва қонунҳои сатҳи байналмилалӣоид ба таъмини муҳити зист бо ҳавои тозаи бидуни дуди тамоку боиси ҳифзи саломатии одамони истеъмолнакунандаи тамоку гардида, новобаста аз танг кардани тиҷорати тамоку, шахсони сигоркашро бо ҳар роҳу восита водор месозанд, ки аз ин амали худ даст кашанд.

Беш аз як миллиард инсонҳо, ё 16% аҳолии ҷаҳон тавассути қонунҳои миллӣоиди таъминоти муҳити зист бо ҳавои тозаи бидуни диди тамоку, ҳамаҷониба аз ҳосилаи дуди тамоку ҳифз гардидаанд.

Ба истеъмолкунандагони тамоку ёрӣдодан зарур аст, ки аз истеъмоли он даст кашанд

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки оиди зарари мушаххаси истеъмоли тамоку ба саломатӣ, танҳо баъзе одамон хабар доранд. Масалан, тадқиқоте, ки соли 2009 дар кишвари Чили гузаронида шуд, нишон дод, ки фақат 38% истеъмолкунандагони тамоку оиди ангезиши бемории ишемияи дил аз заҳри тамоку бохабар буда, 27% дар бораи ба фалаҷгирифтор шудани шахсони тамокукаш маълумот доранд.

Бисёр ашхоси тамокукаш, ки аз хатари тамоку ба саломатӣмаълумот доранд, мехоҳанд аз истеъмоли он даст кашанд. Машваратҳои тиббӣва дорувориҳо метавонанд эҳтимолияти ҷидду ҷаҳди истеъмолкунандагони тамокуро боло бурда, сабабгори аз тамоку даст кашидани онҳо гарданд.

Хадамоти миллии маҷмаавии тиббӣ, ки ба одамони ҷаҳддошта барои даст кашидан аз истеъмоли тамоку кумак мерасонад, танҳо дар 21 кишвари олам мавҷуд буда, он кишварҳо ҳамагӣ15% аҳолии курраи заминро дар бар мегиранд. Аз чор як ҳиссаи кишварҳое, ки даромади пасти иқтисодӣдоранд, аз хадамоти мазкур бархурдор набуда, ба истеъмолкунандагони тамоку барои даст кашидан аз ин одат кумак карда наметавонанд.

Таъсири расму тасвирҳои огоҳкунанда

Тарғиботи сахттаъсиргузорандаи зидди тамоку ва огоҳномаҳои хаттии дар қуттиҳои маҳсулоти тамоку (сигор) насбгардида, махсусан огоҳномаҳои дорои тасвирҳо, ба паст намудани шумораи кӯдакону наврасоне, ки нав ба истеъмоли тамоку майл пайдо мекунанд, ҳамчунин ба афзуншавии шумораи тамокукашҳо, ки ба ин тамоюл одат кардаанд, монеъ мегарданд.

Огоҳномаи хаттӣметавонад тамокукашҳоро бовар кунонад, ки дар ҳолати зарурӣсаломатии одамони ғайритамокукашро бо роҳи кам кардани тамокукашӣдар муҳити хона нигоҳ дошта, тамоман даст кашидан аз истеъмоли тамоку дар ҳузури кӯдаконро комилан пазируфтан, хеле манфиатнок аст. Баъд аз насб намудани огоҳномаҳои хаттӣва тасвирҳои зиддитамоку дар қуттии сигорҳо, тадқиқоти таҷрибавӣнишон доданд, ки дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла Бразилия, Канада, Сингапур ва Таиланд ин гуна тарғибот воқифияти одамонро нисбат ба оқибатҳои хатарноки истеъмоли тамоку хеле боло бурда, ҳатто сабаби кам шудани шумораи шахсони тамокукаш мегардад.

Танҳо 30 кишвари ҷаҳон, ки дар онҳо 14% аҳолии сайёра умр ба сар мебаранд, ба усулҳои таҷрибавии хеле манфиатнок нисбат ба насб намудани огоҳномаҳои хаттӣдар ду тарафи асосии қуттии сигор, масъулияти баланд зоҳир менамоянд. Бисёрии ин кишварҳо, мамлакатҳои аз лиҳози иқтисодӣдаромади миёна ва пастдошта мебошанд.

Ҳамзамон ширкатҳои истеҳсолкунандаи тамоку низ метавонанд ба воситаи варақаҳои тарғиботӣва Васоити ахбори омма (ВАО) ба камшавии истеъмоли тамоку, бо роҳи таъсиррасонӣба истеъмолкунандагони тамоку, бо мақсади ҳифзи одамони ғайритамокукаш ва боваркунонии насли ҷавон ба зарурати даст кашидан аз тамокукашӣ, саҳми муносиб гузоранд.

Дар давоми ду соли охир, беш аз нисфи аҳолии ҷаҳон, ки дар 37 кишвари олам умр ба сар мебаранд, ҳадди ақал яктогӣчорабинӣгузарониданд, ки дар он чорабиниҳо ширкатҳои бонуфӯзи зидди тамоку иштирок намуда, истеъмоли тамокуро тавассути Васоити ахбори омма аз ҷиҳати илмӣ – тадқиқотӣташвиқ карданд.

Манъ кардани тарғиби истеъмоли тамоку (реклама) боиси камшавии тамокукашӣмегардад

Манъи тарғибот ва ҳавасмандсозии фурӯши тамоку, ҳамчунин сарпарастӣбарои истеъмоли он метавонад ба кам гардидани истеъмоли тамоку сабабгор шавад.

·              Бисёрҷониба манъ намудани ҳама шакли тарғибот, ҳавасмандсозии фурӯш ва сарпарастии истеҳсолу паҳнсозии маҳсулоти тамоку метавонад, боиси ба ҳисоби миёна, тақрибан 7% ва ҳатто дар баъзе мамлакатҳо то 16% камшавии истеъмоли тамоку гардад.

·              Фақат дар 24 кишваре, ки дар онҳо 10% аҳолии сайёра зиндагӣмекунанд, ҳама гуна шаклҳои тарғибу ташвиқи тамоку, ҳавасмандии фурӯши он ва сарпарастии истеҳсолу паҳнсозӣпурра манъ карда шудааст.

·              Тақрибан, аз се як кишвари ҷаҳон ба тарғиб, ҳавасмандии фурӯш ва сарпарастии истеҳсолу паҳнсозии маводи тамоку маҳдудият ҷорӣнамудааст, ё дар бархеи ин кишварҳо шароити тарғиботу, ҳавасмандии фурӯш ва сарпарастӣтамоман вуҷуд надорад.

Андозҳо ба истеъмоли тамоку монеа мегарданд

       Андозбандӣба маҳсулоти тамоку яке аз роҳҳои аз ҳама манфиатноки кам намудани истеъмоли тамоку, махсусан байни ҷавонон ва табақаи камбизоати аҳолӣба ҳисоб меравад. Баланд бардоштани андозҳо ба ҳадди то 10%, ки сабаби болоравии нархи тамоку мегардад, истеъмоли васеи маҳсулоти тамокуро тақрибан дар 4% кишварҳои дорои даромади баланддошта ва дар 5% кишварҳои даромади миёна ва пастдошта кам мекунад.

Ба ин нигоҳ накарда, андозбандии баланд ба маҳсулоти тамоку хеле кам ба назар мерасад. Танҳо дар 32 кишваре, ки дар онҳо камтар аз 8% аҳолии курраи замин умр ба сар мебаранд, андозбандӣба маҳсулоти тамоку 75% нисбат ба нархи фурӯши он боло рафтааст. Аз рӯи маълумоти бадастомада, даромадҳо аз андози тамоку, ба ҳисоби миёна 175 маротиба зиёдтар нисбат ба масрафҳое мебошанд, ки дар мубориза муқобили истеъмоли тамоку сарф гардидаанд.

Муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти тамоку

бояд манъ карда шавад

       Муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти тамоку дар доираҳои нигоҳдории тандурустӣ, рушди иқтисод ва бехатарӣ, дар тамоми ҷаҳон хатари ҷиддиро ба вуҷуд меоварад. Аз рӯи баҳодиҳӣ, аз ҳар даҳ дона сигор ё маҳсулоти тамоку яктоаш, ки дар миқёси глобалӣистеъмол мегарданд, ғайриқонунӣба ҳисоб меравад. Бозори ғайриқонунӣбошад, иштироккунандагони гуногуни ғайриқонуниро, аз савдогарони майда то ҷиноятҳои муташаккил, ки ҳатто ба муомилоти ғайриқонунии яроқ ва одамон низ даст доранд, дастгирӣмекунад.

Манъ намудани муомилоти ғайриқонунии тамоку ба паст гардидани ҳадди истеъмоли маҳсулоти тамоку, бо роҳи маҳдудсозии мавҷудияти маҳсулоти арзон, ғайританзим ва алтернативӣ(ҷойивазкунанда) боис гардида, ҳамчунин баландшавии нархи умумии тамокуро низ сабабгор мешавад. Дар ин ҷода муҳим он аст, ки ин омил боиси паст шудани шумораи фавти одамон аз таъсири маҳсулоти тамоку гардида, ҳамзамон сабабгори баландшавии андозбандӣва даромад ба бӯҷаи давлатҳо мешавад. Илова бар ин, манъ кардани муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти тамоку яке аз афзалиятҳои соҳаи тандурустӣниз ба ҳисоб меравад. Аммо барои ин зарур аст, ки фаъолияти сохторҳои миллӣва ғайримиллии андозситониро беҳтар сохта, ҳамкориҳои мутақобилаи байналмилалиро васеътар роҳандозӣнамуд. Масалан, тасдиқ кардан ва ба амал баровардани Санад оиди манъсозии муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти тамоку, инчунин шартномаи мустақилонаи байналхалқии аз тарафи Доираи созишномаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ(ДСМТ СУТ), ки дар мубориза ба муқобили тамоку ба муоҳида расидааст, натиҷаҳои назаррас бахшида метавонанд.

Ҳарчанд саноати коркард ва истеҳсоли тамоку дар назди омма ва таври расмӣба муқобили дастгирӣнамудани амалҳои муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти тамоку баромад намояд ҳам, «дар паси пардаи саҳнаҳои иктисодиву иҷтимоӣ» худро тамоман дигар хел нишон медиҳад. Ҳуҷҷатҳои саноати тамокупарварӣбарои истифодаи дохилии дар раванди таҳлил ва муҳокимаҳои судӣинтишоргардида, нишон медиҳанд, ки саноати коркарди тамоку дар миқёси глобалӣба муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти тамоку даст дорад. Илова бар ин, саноати мазкур ба татбиқи чорабиниҳо оиди мубориза ба муқобили тамоку, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи андоз ва истифодаи огоҳномаҳои хаттӣдоир ба хатарнокии он барои саломатӣ, ба таври ошкоро бо тасдиқи дурӯғин, ки ин амал муомилоти ғайриқонуниро метезонад, монеа эҷод месозад.

Фаъолияти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ(СУТ)

       Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣраванди мубориза ба муқобили тамокуро дар тамоми ҷаҳон дастгирӣмекунад. Доираи созишномаи мубориза ба муқобили тамоку (ДСМТ) дар СУТ ҳанӯз аз моҳи феврали соли 2005 фаъол гардида буд. Аз он лаҳза то имрӯз ин созишнома яке аз шартномаҳои даъваткунандаи инсонҳо дар таърихи Созмони Миллали Муттаҳид дониста мешавад, ки 180 кишвари ҷаҳон узви он буда, 90% аҳолии сайёраро дар бар мегирад. Доираи созишномаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣяке аз маҳакҳои асосии СУТ барои мубориза ба муқобили тамоку ва марҳилаи муҳим дар роҳи мустаҳкамсозии саломатии инсонҳо мебошад.

Ин созишномаи дар асоси далелҳо тартибёфта, ҳуқуқи инсонҳоро дар сатҳи баланди саломатӣтасдиқ карда, асосҳои ҳуқуқиро барои ҳамкориҳои байналмилалӣдар доираи нигоҳдории тандурустӣтаъмин менамояд ва стандартҳои баландро барои риояи ин созишнома муқаррар месозад.

Соли 2008 СУТ маҷмӯи чорабиниҳои каммасрафро барои васеъсозии миқёси баамалбарории дастурҳои Доираи созишномаи СУТ дар маҳаллаҳо роҳандозӣнамуд. Ин чорабиниҳои хеле муҳим ва аҳамиятнок оид ба кам намудани истеъмоли тамоку, таҳти унвони чорабинии MPOWERмашҳур буданд. Ҳар як чорабинии MPOWERҳадди ақал ба як дастурамали Доираи созишномаи СУТ дар мубориза ба муқобили истеъмоли тамоку мутобиқ гардонида шуда буд.

6 чорабинии MPOWERаз зеринҳо иборатанд:

·              мониторинги истеъмоли тамоку ва чораҳои пешгирӣ;

·              ҳифзи инсонҳо аз истеъмоли тамоку;

·              пешниҳоди кумакҳо бо мақсади даст кашидан аз истеъмоли тамоку;

·              огоҳ намудан оиди хатаре, ки ба истеъмоли тамоку алоқамандӣдорад;

·              таъмини риояи манъи тарғибот, ҳавасмандсозии фурӯш ва сарпарастӣба маҳсулоти тамоку;

·              баланд бардоштани андозбандӣба маҳсулоти тамоку.

Санади ДСМТ СУТ оиди манъ намудани муомилоти ғайриқонунии маҳсулоти тамоку қабули як қатор тадбирҳоро талаб менамояд, ки асоситаринашон инҳоанд: силсилаи таҳвили маҳсулоти тамоку, аз ҷумла воридоти литсензионӣ(иҷозатдодашуда), содирот ва истеҳсоли маҳсулоти тамоку, сохтани тартиботи тадқиқу тафтиш ва сарбории муҷозоти ҷаримавӣба сохторҳои масъули муомилоти ғайриқонунӣ. Санади мазкур ҳамчунин як қатор амалҳои ғайриқонунӣ, аз қабили муомилоти ғайриқонунӣқочоқи интиқоли марзиро дар бар мегирад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 347
  • 1,242
  • 949,367