Маблағгузории сарикасӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина амалӣ мегардад

Маблағгузории сарикасӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина амалӣ мегардад
Июл 29
09:55 2021

Рӯзи 15 июли соли равон дар китобхонаи марказии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз тарафи кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории соҳаи тандурустӣ  мизи мудаввар гузаронида шуд, ки дар кори он Асомуддинов Ф.– сармутахассиси Раёсати иқтисодӣ ва  банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Нуров А.Т. – мутахассис оид ба мониторинги вориднамоии  маблағгузории сарикасӣ  ва азнавсозии меъёрҳои Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тибби”-и назди Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҳусейнов Ҳ.Т. – мутахассис оид ба системаи итилоотии идоракунии МАНФ Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-и назди Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Самвел Харазян, мушовири байналмилалии Лоиҳаи иштирок ва суханронӣ карданд. Тибқи барномаи мизи мудаввар аз ҷониби Самвел Харазян, мушовири байналмилалии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” мавзъзуҳои маблағгузории сарикасӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: корҳои анҷомёфта ва роҳҳои такмили системаи маблағгузории сарикасӣ дар ҷумҳурӣ ва ворид намудани феҳристи нави электронии беморон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бояд гуфт, ки татбиқ ва пешбурди феҳристи электронии беморон (ФЭБ) яке аз вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, ки марҳилаҳои зеринро дарбар мегирад:

-Таҳия ва тасдиқи варақаи феҳристи беморон ва бақайдгирии ташрифи беморон дар муассиса ё хона;

-Таҳияи  системаи электронии феҳристи  беморон  дар ноҳияи таҷрибавӣ ва дигар масъалаҳои ҷори намудани маблағгузории сарикасӣ;

-Таҳия ва тасдиқи “Дастурамал  оид ба ворид  намудани феҳристи электронии беморон”;

-Таҳия ва татбиқи системаи автоматикунонидашудаи ворид намудани феҳристи электронии беморон;

-Гузаронидани бақайдгирии мизоҷон, пур намудани шакли коғазии варақаҳо, ворид намудани маълумот ба системаи автоматикунонидашуда, ислоҳи маълумот ва таҳлили ҷамъбастии ҳисоботҳо;

-Пардохтҳои ҳавасмандгардонӣ ба кормандон барои ташаккули феҳристи электронии беморон”;

-Таҳияи “Дастурамал оид ба пардохти музди меҳнати кормандони тиб дар заминаи маблағгузории сарикасӣ барои истифодаи  муассисаҳои таҷрибавӣ”;

Дар кори мизи мудаввар 32 нафар аз ҳисоби гуруҳҳои сарпараст,  роҳбарони маркази саломатии деҳотӣ ва мудирони бунгоҳҳои саломатӣ иштирок доштанд.

Зимни вохурии масъулони соҳа бо роҳбарияти ноҳия аз ҷониби Самвел Харазян – мушовири байналмилалии Лоиҳаи мазкур оид ба маблағгузории сарикасӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои анҷомёфта ва роҳҳои такмили системаи маблағгузории сарикаси дар чумҳурӣ  ва ворид намудани феҳристи нави электронии беморон  маълумоти кофӣ дода шуд.

Дилрабо Раҳимӣ  – муовини Раиси ноҳияи Спитамен  ворид намудани феҳристи нави электронии беморон ва дигар ислоҳотҳои маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Спитамен, ки яке аз ноҳияҳои таҷрибавӣ хисоб мешавад, бо хушӣ пазируфта, омодагӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитаменро дар назди ҳозирин қайд намуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 30
  • 789
  • 1,242
  • 949,809