Сафари гурӯҳи кории вазорат ба ВМКБ: Мулоқот бо кормандони соҳа ва боздид аз рафти корҳои сохтмонии муассисаҳои тандурустӣ

Сафари гурӯҳи кории вазорат ба ВМКБ: Мулоқот бо кормандони соҳа ва боздид аз рафти корҳои сохтмонии муассисаҳои тандурустӣ
Август 11
08:34 2021

Аз 6 то 9 августи соли равон гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Шодихон Ҷамшед дар ВМКБ қарор дошт. Ҳадаф аз сафари гурӯҳии вазорат ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита пайдо намудан бо вазъи феълии соҳа дар вилоят, рафти корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдиди иншооти тандурустӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини солимии аҳолӣ мебошад.

Нахуст субҳи 7 август дар шаҳри Хоруғ  мулоқоти Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ доир гардид.

Дар навбати худ Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зимни суханронии хеш аз номи кормандони соҳаи тандурустии вилоят барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳаи тандурустии вилоят, ки дар давраи пандемияи COVID-19 шабонарузӣ фаъолияти пурсамар анҷом доданд, аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат сипосгузорӣ намуд.

Дар ҷаласа таҳлили вазъи воқеии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пурзӯр намудани базаи  моддӣ-техникии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят бо нақлиёти санитарӣ, нақлиёти санитарии махсусгардонидашуда, таъмир ва тармими ҷории муассисаҳои тандурустӣ, харид ва таъмини таҷҳизоти муосири тиббӣ дар доираи маблағҳои буҷавӣ, инвеститсионӣ ва манбаҳои дигари маблағгузорӣ, таъсис додани махзани ягонаи иттилоотии таъминоти кадрии мутахассисони соҳибкасби сатҳи олӣ ва миёна дар назди Раёсати тандурустии вилояти мазкур, зина ба зина ба тармим, таъмир ва азнавсозӣ фаро гирифтани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят, рушди сектори хусусӣ, рушд ва вусъат бахшидани муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси клиникаҳои хурд, марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, дорухонаҳо, санаторияҳо, истифода самараноки обҳои шифобахш ва гиёҳдармонӣ, аз вагон баровардани бунгоҳҳои тиббӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи одоби муоширати табибон бо беморон ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, гурӯҳи корӣ дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ  аз стансиаи пурраи кислород барои эҳтиёҷоти беморон дидан намуданд, ки аллакай корҳои насбу васли он пурра ба анҷом расида, он дар арафаи ба истифода додан қарор дорад.

Дар шаҳри Хоруғ гурӯҳии кории вазорат якҷо бо Раиси ВМКБ аз рафти таъмири  Маркази саломатии шаҳри  №1-и шаҳри Хоруғ дидан намуданд. Барои таъмири капиталии марҳилаи аввали маркази мазкур аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 524354 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Тавре зикр гардид,  марҳилаи якум ва дуюми таъмири капиталии маркази саломатӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар назар аст, ки он дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шавад.

Дар идома гурӯҳи корӣ якҷо бо Раиси ВМКБ аз рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим боздид ба амал оварданд. Тавре иттилоъ  дода шуд, корҳои сохтмонӣ низ дар иншооти мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Баъдан, дар ноҳияи Ванҷ гурӯҳи кории вазорат аз рафти таъмири шабакаҳои обу корезии биноҳои Беморхонаи марказии ноҳия боздид ба амал оварданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои таъмирии шабакаҳои обу корезии биноҳои Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ аз ҳисоби маблағҳои  махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, корҳо аллакай ба анҷом расидаанд. Инчунин, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо рафти табобати як қатор беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ, сафари навбатии гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба ВМКБ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 712
  • 1,242
  • 949,732