Мулоқот бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва шиносоӣ бо ҷараёни маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID дар мамлакат

Мулоқот бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва шиносоӣ бо ҷараёни маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID дар мамлакат
Август 11
16:47 2021

Имрӯз, 11 августи соли равон дар маҷлисгоҳи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика мулоқоти муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави баргузор гардид.

Нахуст муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода ба Ҳукумати ИМА ҷиҳати кӯмак расонидан дар мубориза бар зидди бемории коронавирус, хусусан тақдими вояҳои ваксинаи “Модерна” аз номи Ҳукумати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Қайд гардид, ки  имрӯзҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои гуногун, хосатан дар соҳаи тандурустӣ дар марҳилаи рушд қарор доранд.

Баъдан меҳмонон аз яхдонҳои махсуси вазорат, ки дар онҳо вояҳои ваксина нигаҳдорӣ мешаванд, дидан ба амал оварданд.

Ҳамзамон, бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 меҳмонон ба Маркази саломатии №13-и пойтахт ташриф  оварда, бевосита рафти маъракаи ваксинатсияро дар зидди бемории коронавирус мушоҳида намуданд.

Тавре табибони марказ иброз намуданд,  сокинон бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон  ба марказ ташриф  оварда, ваксинаи зидди бемории коронавирус мегиранд.

Маврид ба ёдоварист, ки бо мақсади пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 санаи 26 июли соли равон 1,5 млн воя ваксинаи “Модерна”-и истеҳсоли ширкати “Модрена Инк”-и ИМА  ҳамчун кӯмаки башардӯстона дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19-19  ба Тоҷикистон  ворид гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 737
  • 1,242
  • 949,757