COVID-19. Кормандони НБО «Роғун» бо ваксинаҳои «Мoderna», «CoronaVaс» ва «AstraZeneca» пурра эм карда шуданд

COVID-19. Кормандони НБО «Роғун» бо ваксинаҳои «Мoderna», «CoronaVaс» ва «AstraZeneca» пурра эм карда шуданд
Август 20
08:00 2021

Баҳри   пешгирӣ намудани аҳолӣ  аз бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар шаҳри Роғун аввалин шуда, кормандони  Неругоҳи барқи обии «Роғун»  аз ваксинаҳои  «Мoderna», «CoronaVaс» ва «AstraZeneca» ба таври пурра истифода намуданд.

Тавре роҳбари Маркази саломатии шаҳри Роғун Умедҷон Урозов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар дод, «бори аввал ба шаҳри Роғун 783 вояи ваксинаи  «AstraZeneca» ворид шуд, ки тамоми кормандони  соҳаи тандурустии шаҳр ва кормандони ширкатҳои сохтмонии Вибил ва Ориёно бо ин ваксина фаро гирифта шуданд. Дар марҳилаи дуюм ҳафт ҳазор вояи ваксинаи «Мoderna» ва панҷ ҳазор вояи ваксинаи «CoronaVaс»  ба шаҳр ворид шуд, ки бо ин ваксинаҳо сари вақт 3062  нафар кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» эмгузаронӣ шуданд. Аз сабаби он ки қисми зиёди кормандони неругоҳ дар як моҳ 15 шабонарӯз кор мекунанд, дар рӯзҳои истироҳат дар зодгоҳашон эмгузаронӣ шуда, бо шаҳодатномаи ваксинатсия ба кор ҳозир мешаванд. Ҳоло тамоми кормандони бузургтарин Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ваксина фаро гирифта шудаанд».

Тибқи иттилои сардухтури шаҳри Роғун Бахтовар Акобиров,  «сокинони шаҳри Роғун дар маъракаи ваксинатсия барои пешгирии ин бемории сироятӣ фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 12637 нафар аз ин ваксинаҳо истифода намудаанд. Хушбахтона, бо сабаби сари вақт гирифтани ваксина ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ имрӯзҳо дар беморхонаи шаҳри Роғун  бо нишонаҳои бемории коронавирус ягон нафар  бистарӣ нест».

Имрӯзҳо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва соҳаи тандурустӣ барои фаҳмонидани моҳияти истифодаи  ваксина  дар пешгирии бемории коронавирус ва фоидаи он ба саломатии инсон ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сафарбар гардидаанд.

Масъулини  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Роғун гуфтанд, ки «ин маърака дар сатҳи зарурӣ доир шуда, нуқтаҳои эмгузаронию  нигоҳдории ваксинаҳо зери назорати доимии мутахассисони санитарӣ қарор доранд. Мо кӯшиш менамоем, ки корҳои фаҳмонадиҳиро миёни аҳолӣ барои риояи қоидаҳои гигиению беҳдоштӣ ва риояи бастани ниқобу фосилаи иҷтимоӣ зиёд намуда, хуруҷи ин бемориро дар байни аҳолӣ кам намоем».

АКС аз АМИТ «Ховар»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 986
  • 1,242
  • 950,006