Асари «Қонуни тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино ба нашр расид

Асари «Қонуни тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино ба нашр расид
Август 28
11:07 2021

 Бахшида  ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Қонуни тиб»-и шоир ва олими барҷастаи тоҷик   Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино  ба чоп расид. Дар ин хусус Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Ин китоб, ки ҳудуди 1000 сол фақат нусхаи арабии он дастрас буд, қаблан ба забони  форсӣ ва хатти сирилик дар чанд ҷилд мунташир шуда буд. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷумаи донишманди маъруфи тоҷик Сайиднуруддин Шиҳобуддинов, ки дар камоли зебоӣ аз забони арабӣ ба порсии дарии замони Ибни Сино бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом шудааст, бори аввал ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури хонандагон мегардад.

Ибни Сино ҳанӯз ҳангоми дар Гургон буданаш (соли 1012) бо хоҳиши яке аз дӯстони бисёр наздикаш, ки ба қавли худи ӯ, дархости ӯро рад кардан номумкин будааст, ба таълифи китоби «ал-Қонун» мепардозад ва дар он ҷо китоби аввали онро ба анҷом мерасонад. Сипас, ин корро дар Рай ва Ҳамадон давом дода, тақрибан соли 1024 аз таълифи комили он фориғ мешавад.

Ҳадафи Ибни Сино аз таълифи ин китоб, чунонки худи ӯ дар муқаддима ёдовар мешавад, ин будааст, ки «муҳимтарин қонуну қоида ва асосҳои умумию ҷузъии илми тибро ба қадре, ки донистани он барои ҳар пизишки мутавассит ногузир аст, ба таври бисёр мӯҷаз дар як китоби мухтасар гирд оварад».

     Акс аз Вазорати фарҳанги ЧТ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 947
  • 1,242
  • 949,967