Мулоқот бо вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон

Мулоқот бо вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон
Сентябр 18
12:12 2021

17 сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо  вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷати Абдулмаликӣ мулоқот намуд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам намуда, инчунин доир ба вазъи соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакат мухтасар маълумот дод.

Дар навбати худ  вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон  Ҳуҷҷати Абдулмаликӣ сокинони кишварро ба ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шодбош намуда, ба хонадони тоҷикистониён  хушбахтӣ ва саодати рӯзгор таманно кард.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба омода намудани мутахассисон дар самти тавонбахшӣ, ба такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисони соҳа,  ҳамкориҳо дар самти тайёр намудани маводҳои ортопедию протезӣ барои маъюбон ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Ҳамзамон, дар анҷом ҷонибҳо барои эҳтиром ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,155
  • 1,242
  • 950,175