“МО МЕТАВОНЕМ ФАРДОИ БИДУНИ СИЛ ДОШТА БОШЕМ!”

“МО МЕТАВОНЕМ ФАРДОИ БИДУНИ СИЛ ДОШТА БОШЕМ!”
Сентябр 29
07:55 2021

Ин ҷумла аз забони Аслидин Раҷабзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” зимни чорабинии“Ҳамдастиву ҳамкорӣ барои фардои бидуни сил”, ки рӯзи 25сентябри соли равон дар саҳни меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, садо дод.

Ассотсиатсияи “Ҳамкорони пешгирии сил” як қатор роҳбарону намояндагони соҳаи тандурустӣ, шахсиятҳои барҷастаи соҳаҳои мухталифи ҷамъият – аъзои дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”, шахсони аз сил осебдида, ихтиёриёни Гурӯҳи дастгирии беморон ва кулли аъзои ассотсиатсияро гирди ҳам оварда, барои таҳкими ҳамдастиву ҳамкориҳо баҳри дастгирии барномаи миллии зиддисилӣ барои хотимаи сил дар Тоҷикистон ва ҳамзамон ҷиҳати гузаронидани Маҷлиси умумии худ чорабинии иттилоотиву адвокатсионӣ баргузор намуд.

Таронаҳои тоҷикиву ҳиндии Сафири пешгирии сил, овозхони маҳбуб Нозия Кароматулло, паёми видеоии  Др. Лучика Дитию аз Женева, паёми Др. Ораш Алоӣ аз Амрико, саҳначаи ҳаҷвнигор Ҷамшеди Ҳалиму шогирдонаш, ҳаҷву суханони намакини Муқимҷон Абдуфаттоев ва Қаҳрамон Ёров аз театр-студияи Хандинкамон, рақсҳои мавзуни ҳиндӣ, шарфаи пои оҳуву табли ҳиндӣ, таронаи тоҷикии ҷавонписари ҳинду, эъҷози табибону қиссаи шахсони аз сил шифоёфта, сурудҳои дилангези Аброр Назаров, таронаҳои дилошӯби Музаффари Шодӣ, маҳорати рӯзноманигорон, ҳикмати шифои Нурулло Абдулло, суханони ҷаззоби ватандӯстонаи Ҳусен Шокиров, хадамоти нигаҳбонӣ ва сеҳри сухани Хайрандеш дар ҳамовозии вакили Парлумону вазорату кумитаҳои марбута бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ чорабиниро боз ҳам рангинтару ширинтар кард.

Тибқи тавсияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷалби тамоми соҳаҳо ва қишрҳои мухталифи ҷомеа ва ҳамгироии бахшҳои сил, ВНМО ва гепатит барои расидан ба ҳадафҳои хотимаи муҳимму зарурист. Чорабинӣ тасвири амалӣ ва тақияти ин тавсия буда, ҳамзамон дар он масоили норасоии маблағгузорӣ барои амалисозии Барномаи миллӣ, хусусан дар самтҳои дарёфт, ташхис, табобат ва дастгирии беморони сил бо иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ, баррасӣ шуданд.

Боиси таҳсину офарин аст, ки шахсиятҳои намоёни соҳаҳои фарҳангу варзиш ва ҳунари кишвар ба масоили тандурустӣ, аз ҷумла бемории сил, бетараф нестанд ва тайи чанд соли охир ихтиёрӣ аз худ ташаббусҳои бузурги зиддисилӣ нишон медиҳанд.

Ин ташаббусҳо барои баланд бардоштани саҳти огоҳинокии аҳолӣ дар бораи бемории сил, ташвиқ барои ташхису табобати саривақтӣ, таблиғи инсондӯстиву эҳсонкорӣ баҳри дастгирии беморон нигаронида шудаанд, ки тавассути суҳбатҳои рӯбарӯ, ҳунарнамоиҳову суханрониҳо ва паёмҳои видеоиву матнӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ карда мешаванд.

Мо бар инем, ки барои расидан ба фардои бидуни сил ҳамдастиву ҳамкорӣ,суръат, ҷуръат, устувориву матонат, ақлу заковат, виҷдону инсоф, иттиҳоду эътимод ва донишу фаҳмиши табиати сил лозим аст.

Иштирокчиёни чорабинӣ омодагии худро ҷиҳати иштироку саҳмгузорӣ дар хотимаи сил изҳор дошта, ҳама ба як овоз гуфтанд: “Нест бод сил!”.

Шумо ҳам метавонед дар хотимаи сил саҳм бигзоред!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 967
  • 1,242
  • 949,987