Аз 16 то 19 сентябри соли равон Конгресси байналмилалии DEBRA-2021 ба тариқи онлайн – омӯзиш баргузор гардид. Ин Конгресс бо ибтикори фонди хайриявии россиягии ” Дети- Бабочки ” доир шуд.
Ассотсиатсияи дерматовенерологҳо ва косметологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Музаффар Ҳомидов аз моҳи ноябри соли 2019 лоиҳаи ” Кӯдакон- шапаракҳо”- ро бо фонди ” Дети бабочки”-и Россия ҳамроҳӣ мекунад.
Дар Конгресси мазкур зиёда аз 250 табибон – дерматовенерологҳои Тоҷикистон ва беморони эпидермолизи буллезӣ бо пайвандонашон иштирок варзиданд.
Дар ин Конгресс дотсенти кафедраи дерматовенерологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Абдиева Дилбар дар мавзӯъи эпидермолизи буллезӣ бо забони англисӣ суханронӣ кард.
Қайд кардан зарур аст, ки ин Конгресс тамоми ҷабҳаҳои фаъолиятро нисбати бемории эпидермолизи буллезиро дар бар гирифт, аз ҷумла нисбати ташкилии кор, пешгирӣ, ташхис, табобат, реабилитатсия ва дигар самтҳои кӯмак ба беморон, ҳамзамон бисёр маълумоти нав пешкаш гардид.