Аз фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон натиҷагирӣ карда шуд
Октябр 15
09:44 2021

Дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи клиники вилоятии ба номи Б.Воҳидови вилояти Хатлон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сартабибони беморхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, директорони марказҳои солими репродуктивӣ, директорони иммунизатсия, мудирони шӯъбаҳои таваллудӣ, директрони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҷамъбасти фаъолияти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва сохторҳои зертобеи он дар  9 моҳи соли 2021  ва вазифаҳо то охири соли 2021 доир гардид.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои вилоят кору фаъолият намуда, дар 9 моҳи соли равон ба як қатор дастовардҳо ноил гардида, вазъи инфрасохтори соҳаи тандурустӣ дар вилоят ва инчунин хизматрасонии босифати тиббӣ хубтар гардид.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки  ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи сипаришуда дар бисёр шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор муаассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коллеҷҳои тиббӣ, муассисаҳои хусусии тиббӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳа дар 9 моҳи соли 2021 ба шӯъбаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломӣ дар шаҳри Бохтар 413 нафар  шунаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таҳсил фаро гирифта  шудаанд, ки  аз онҳо 31 нафар табибон ва 382 кормандони миёнаи тиб мебошанд.

Дар 9-моҳи сипаришуда дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 75 муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла беморхонаҳо 5 адад, Маркази саломатии ноҳия 1-адад, марказҳои саломатии деҳот 4 адад, бунгоҳҳои тиббӣ 56 адад, колеҷҳои тиббии хусусӣ 4 адад,  марказҳои ташхисию табобатии хусусии тиббӣ 3 адад ва дармонгоҳӣ хусусӣ 1- адад сохта ба истифода дода шуд.

Дар идомаи  ҷаласа оид ба дастоврадҳои соҳаи вилоят дар 9 моҳи соли сипаригашта низ маълумот пешниҳод карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда аз ҷониби муовини  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 973
  • 1,242
  • 949,993