Бахшида ба 16 октябр-Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ имрӯз дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ вобаста ҷалби шаҳрвандон, хосатан волидайни кӯдакон ба масъалаҳои ғизо доир гардид, ки дар он намояндагони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, мутахассисони соҳа ва доираи васеи сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Тавре зикр гардид, мақсад аз таҷлили ин рӯз баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба мушкилоти ҷойдошта дар самти таъмини озуқаворӣ ва бехатарии он дар ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, инсониятро водор месозад, ки барои аз байн бурдани гуруснагӣ, камғизоӣ ва камбизоатии инсонҳо кӯшиш созад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давоми як чанд соли охир бинобар тағйирёбии иқлим, афзоиши офатҳои табиӣ, таҳдиди хушксолӣ, пандемияи COVID-19, ва таъсири дигар омилҳо истеҳсоли озуқа, бахусус зироати кишоварзӣ коҳиш ёфта, хатари гуруснагиро дар як қатор кишварҳо торафт зиёд мекунад.
Дар чорабинӣ намоиши акс ва маводҳои чопӣ, аз қабили китобҳо, варақаҳои иттилоотӣ низ доир гардида, инчунин наврасон ва кӯдакон маҳсули эҷоди худро ба ҳозирин нишон доданд. Ҳамзамон, аз ҷониби кӯдакон ва волидони онҳо маводҳои гуногуни ғизоӣ омода карда шуд.
Бояд гуфт, ки беш аз 40 сол мешавад, ки кишварҳои олам санаи 16-октябрро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ қайд менамоянд. Бешубҳа, таъмини маводи ғизоӣ, дастрасии аҳолии дунё ба ғизои солиму бехатар дар ҳама давру замон аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарра маҳсуб меёфтанд.