ВМКБ: Вохуриҳои судманд бо мақсади пешбурди Нақшаи миллии амал дар доираи амалинамоии Конвенсияи СММ “Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон”

ВМКБ: Вохуриҳои судманд бо мақсади пешбурди Нақшаи миллии амал дар доираи амалинамоии Конвенсияи СММ “Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон”
Октябр 21
07:35 2021

Бо мақсади пешбурди Нақшаи миллии амал дар доираи амалинамоии Конвенсияи СММ “Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 тасдиқ гардидааст, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, ки дар он  роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” Асадулло Зикрихудоев, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мутахассисони соҳа шомил мебошанд, дар ВМКБ  қарор дорад.

Дар доираи сафари кории хеш ба ВМКБ ва бо мақсади амалисозии нақшаи мазкур гурӯҳи корӣ дар  як  қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур бо раисони ноҳияҳо вохурӣ намуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба маъюбонро ба миён гузоштанд.

Инчунин, вохуриҳои судманди гурӯҳи корӣ бо роҳбарият ва аъзоёни ташкилот ва муассисаҳое, ки дар самти пешбурди фаъолияти маъюбон дар шаҳру навоҳии ВМКБ амал мекунанд, доир гардид, ки зимни баргузори онҳо масъалаҳои умдаи соҳа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи башар, ба хусус ҳуҷҷатҳои қабулнамудаи СММ арҷ гузошта, баҳри ба тасвиб расонидан ва дар амал татбиқ намудани онҳо корҳои заруриро анҷом дода, аксарияти санадҳои байналмилалии марбутаро дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонидааст.

Бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои саривақтии тавсияҳои марбут ба банди 1 нақшаи болозикр Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба имзорасонии матни Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» аз 2 феврали соли 2018 таҳти №1002 қабул гардида, тибқи фармони мазкур 22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» имзо гузоштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 997
  • 1,242
  • 950,017