Бо мақсади татбиқи Лоиҳаи “Баланд бардоштани сифати кӯмаки беморхонавӣ вобаста ба паст намудани фавти модарон, навзодон ва кӯдакон ҷиҳати ноил гаштан ба мақсадҳо дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Айнӣ, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор ва Рӯдакӣ бо дастгирӣ ва дар якҷоягӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ татбиқ карда мешавад, ҷиҳати омода намудани тренерони миллӣ аз ҳисоби табибони акушер-гинеколог, неонтолог ва гузаронидани арзёбии хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои болозикр даври омӯзиш ва арзёбӣ баргузор мегардад.
Дар даври омӯзишӣ ва арзёбӣ дар мавзӯъҳои “Нигоҳубини самараноки перинаталӣ”, “Арзёбии сифати нигоҳубини статсионарӣ ба модарон, навзодон ва кӯдакон” ва баргузории арзёбӣ дар шаҳру ноҳияҳои болозикр ба мутахассисон маълумот пешниҳод карда мешавад.
(Акс аз бойгонии moh.tj)