Вохурӣ бо роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский

Вохурӣ бо роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский
Декабр 02
16:18 2021

Ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ имрӯз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский вохурӣ намуд.

Тавре зикр гардид, ҳамкориҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон имрӯзҳо хуб ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла фаъолияти Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва нақши ҳамоҳангсозии ин ташкилот дар ҷалби маблағҳо дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо барои татбиқи барномаҳои гуногуни соҳавӣ тавассути Хазинаи глобалӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии  рушд, барномаҳои дастгирии Иттиҳоди Аврупо, муассисаҳои байналмилалии ҳукуматҳои Олмон, Ҷопон, Ҳиндустон ва кишварҳои ИДМ зарур шуморида шуда,  дастгирии минбаъдаи татбиқи Қоидаҳои байналмилалии тандурустӣ, аз ҷумла таҳкими экспертизаи лабораторӣ низ махсус қайд гардид.

Инчунин, масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар самти  сафарбар намудани маблағҳо барои пешгирӣ ва табобати бемории сил, бахусус ба доруҳои тобовар ва ВНМО алоқаманд тавассути Хазинаи Глобалӣ ва донорҳо, тақвияти ёрии аввалияи тиббию санитарӣ дар асоси принсипҳои тибби оилавӣ, бахши фармасевтӣ ва заминаи моддию техникӣ бо таваҷҷуҳ ба беҳтар намудани дастрасӣ ба доруҳои хушсифат, мусоидат ба муколамаҳои сатҳи баланд оид ба дастгирии модернизатсияи заминаи технологии соҳаи тандурустӣ дар доираи Нақшаи миллии таҷдиди сохтори беморхона, ҳамгироии хадамот ва ба даст овардани созиш оид ба масъалаҳои асосии ислоҳот бо шарикони гуногун ва ғайра дар вохурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 951
  • 1,242
  • 949,971