Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Япония дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва роҳбари JICA дар Тоҷикистон Мунео Такасака мулоқот намуд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Япония дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита  ва роҳбари JICA дар Тоҷикистон Мунео Такасака  мулоқот намуд
Декабр 02
18:54 2021

Имрӯз, 2 декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Япония дар Тоҷикистон Такаюки  Мияшита  ва роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Мунео Такасака мулоқот намуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода нахуст меҳмононро ба вазорат хайрамақдам намуда, барои дастгириҳои пайвастаи  соҳаи тандурустии мамлакат аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба Ҳукумати Япония изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Тавре зикр гардид, Ҳукумати Япония яке аз аввалин кишварҳое мебошад, ки дар давраи пандемияи COVID-19  ба Тоҷикистон  кӯмаки башардӯстона расонид. Махсусан, кӯмаки ин кишвар дар доираи «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ» ба маблағи умумии баробар ба 600 млн. йени ҷопонӣ ниҳоят муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Гуфта шуд, ки таҷҳизоти тиббие, ки дар доираи барномаи зикршуда харидорӣ ва ба муассисаҳои тандурустии кишвар дастрас гардид, ба мутахассисони соҳа имконият дод то хизматрасониро ба аҳолии Тоҷикистон саривақт ва босифат анҷом диҳанд.

Инчунин, қайд гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Айни замон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар доираи ҳамкорӣ бо JICA ду лоиҳаи калони грантӣ ва як лоиҳаи кўмаки техникӣ амалӣ намуда истодааст.

Инчунин, зикр гардид, ки намояндагии JICA дар Тоҷикистон дар давраи сар задани пандемияи  COVID-19  6 адад стансияҳои оксигентаъминкунӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон васл намуда, иловатан боз 2 адади дигар стансия зиёд намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба изҳори ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дар охир ҳамчун арзи эҳтиром аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сафири Япония дар Тоҷикистон туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Баъдан вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Сафири Япония дар Тоҷикистон Такаюки  Мияшита  ва роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Мунео Такасака ба Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона” ташриф оварда, бо таҷњизоти муосири тиббӣ, ки дар доираи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимолӣ аз тарафи Хукумати Япония ва системаи тавлиди оксиген, ки аз ҷониби JICA дар Тоҷикистон васлу насб гардидааст, дидан намуданд.

Инчунин, дар ҳамин рӯз дар Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедови шаҳри Душанбе аз ҷониби Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалии (JICA) яке аз 6 адад системаи тавлиди оксиген ва таҷҳизоти тиббӣ, ки дар доираи мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 ба истифода дода шуд, ки дар маросими он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Сафири Япония дар Тоҷикистон Такаюки  Мияшита, роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Мунео Такасака, роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонон аз системаи тавлиди оксиген, ки дар муассисаи номбурда насб карда шудааст, дидан намуда, инчунин бо вазъи шӯъбаи наҷоти  марказ, ки ба ҳуҷраҳои он низ хати оксиген гузаронида шудааст, шинос шуданд.

Сипас дар ҳузури меҳмонон, роҳбарият ва кормандони муассиса муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғафур Муҳсинзода суханронӣ намуда, аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Япония баҳри дастгирии пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат изҳори миннатдорӣ баён дошта, ба истифода додани системаи тавлиди оксигенро дар муассисаи номбурда самараи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба арзёбӣ намуд.

Баъдан, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Сафири Япония дар Тоҷикистон Такаюки  Мияшита, роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Мунео Такасака ба Маркази тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” низ ташриф оварда, бо зеристгоҳҳои тавлиди оксиген шинос шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,152
  • 1,242
  • 950,172