Декабр 03
09:32
2021
Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи зимистон, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, баррасии масъалаву мушкилот ва таҳлили вазъи соҳа роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намуда, пайваста аз рафти хизматрасонии тиббии муассисаҳои соҳа боздид менамояд.
Бо ин мақсад 2 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Ҳисор сафар намуда, бо фаъолияти Беморхонаи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Хона-интернати бемориҳои руҳӣ”-и шаҳри мазкур дидан намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади муътадил гузаронидани фасли зимистон дар муассисаҳои мазкур ба таври кофӣ сӯзишворӣ, маводи хӯрока ва доруворӣ захира гардида, шӯъбаҳо пурра бо гармӣ таъмин мебошанд.