Нишасти гурӯҳи корӣ вобаста ба паст намудани фавти модар ва кӯдак

Нишасти гурӯҳи корӣ вобаста ба паст намудани фавти модар  ва кӯдак
Ноябр 03
15:51 2023

Аз 1-ум то 3-юми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе нишасти гурӯҳи корӣ  доир ба баланд бардоштани сифати кумаки беморхонавӣ вобаста ба паст намудани фавти модарон, навзодон ва кӯдакон ҷиҳати ноил гаштан ба мақсадҳо дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори нишаст намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарии  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдусаматзода З.М.  ва  коршиносони байналмилалии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки  мақсади татбиқи компоненти бемориҳои ғайрисироятии Лоиҳаи “Баланд бардоштани сифати кумаки беморхонавӣ вобаста ба паст намудани фавти модарон, навзодон ва кӯдакон ҷиҳати ноил гаштан ба мақсадҳо дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Гуфта мешавад, ки  баргузории нишасти корӣ, ки бо иштироки  мушовирони байналмилалӣ анҷом ёфт, барои  муҳокима намудани натиҷаҳои арзёбӣ, ки дар ноҳияҳои пилотии Лоиҳа моҳи апрели соли равон оид ба бемориҳои ғайрисироятӣ дар байни занони ҳомила, модарони ҷавон  гузаронида шуд буд, ба ҳисоб меравад.

Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби гурӯҳҳои кории техникӣ лоиҳаи дастурамалҳои клиникӣ оид ба пешгирӣ, ташхис ва табобати диабети гестатсионӣ ва ҳолатҳои гипертензивӣ дар давраи ҳомиладорӣ, таваллуд ва пас аз таваллуд, ки таҳия шуда, аз ҷониби коршиносони Созмони умумиҷаҳонии  тандурустӣ пешниҳод гардида, барои боз  ҳам мукаммал намудани он аз ҷониби   муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдусаматзода З.М тавсияҳои иловагӣ ва тартиб донани дастурамал барои тасдиқ  супоришҳо дода шуд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« நவ்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 388
  • 841
  • 727,565