Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи зимистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1”-и шаҳри Душанбе” ва Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ” боздид ба амал овард.
Аснои мулоқот бо роҳбарият, кормандон ва бошандагони муассисаҳои макзур Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки имрӯзҳо соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар меҳвари сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, баҳри рушду пешрафти соҳа пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Инчунин, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуда, аз фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳия, захираи маводи сӯзишворӣ, хӯрока ва дорувории беморхона дидан кард.
Тавре аён гардид, дар беморхонаи мазкур бо хати оби гарм таъмин буда, дар анборҳои муассиса маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва маводи доруворӣ ба таври зарурӣ захира карда шуда, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ташрифи роҳбарияти вазорат ба муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ-ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти онҳо, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва бошандагони муассисаҳои соҳа, таҳлил ва баррасии фаъолияти онҳо ба шумор меравад.