Ба Тоҷикистон 460 ҳазору 350 вояҳои ваксинаҳои зидди сирояти COVID-19 ворид гардид

Ба Тоҷикистон  460 ҳазору 350 вояҳои ваксинаҳои зидди сирояти COVID-19 ворид гардид
Декабр 13
13:32 2021

Бо мақсади  пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва ҷиҳати ба иммунизатсия бар зидди сирояти  мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат шоми 12 декабри соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи механизми КОВАКС ба Тоҷикистон 157 ҳазору 950 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech”, 302 ҳазору 400 воя ваксинаи “АстраЗенека” ва дар маҷмӯъ 460 ҳазору 350 воя ваксина ба Тоҷикистон ворид гардид.

Бояд гуфт, ки вояҳои ваксинаҳои мазкур дар анбори махуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии кишвар интиқол дода мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ва дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории мазкур бомаром идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,121
  • 1,242
  • 950,141