Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: «Ягона роҳи муассири эмин мондан аз бемории КОВИД-19 эмгузаронӣ мебошад»

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: «Ягона роҳи муассири эмин мондан аз бемории КОВИД-19 эмгузаронӣ мебошад»
Декабр 22
14:03 2021

Имрӯз дар бисёр кишварҳои дунё мавҷи нави бемории сироятии КОВИД-19 ва фавти одамон идома дорад. Бинобар ин, ба мардуми мамлакат  муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки гарчанде ин беморӣ дар кишвари мо нест, сокинони ҷумҳурӣ  бояд бепарво набошанд, ба фориғболӣ роҳ надиҳанд ва ин масъаларо ҳазл нашуморанд. Баръакс, бояд ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва маслиҳату тавсияи мутахассисону табибонро риоя намоянд,-чунин таъкид намуданд  дирӯз, 21 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хотирнишон сохтанд, «онҳое, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ҳатман зери назорати табибон қарор дода шаванд. Чунин шахсон бояд фикри аъзои оила, хешовандон ва ҷомеаро кунанд».

Маврид ба зикр аст, ки то  21 декабр 62 фоизи аҳолӣ эм карда шудааст ва зарур аст, ки раванди эмгузаронӣ боз ҳам вусъат дода шавад, зеро ягона роҳи муассири эмин мондан аз ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 10 декабри соли равон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ситоди мазкур  ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки то ҳол бемории сироятии COVID-19 дар дунё  бо суръат паҳн гашта, навъҳои гуногуни он ба қайд гирифта мешавад. Омикрон низ яке аз навъҳои бемории сирояти COVID-19 мебошад. Вобаста ба ин аз ҳар як сокини мамлакат, гузаронидани ваксина, риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад.

Бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки танҳо бо роҳи гузаронидани ваксина ва риояи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб имкони пешгирии бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад.

Вобаста ба ин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷоннок намудани фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, гузаронидани ваксина, андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, ҳамчунин саривақт расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд ҷудо гардидааст қарор қабул намуд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 737
  • 1,242
  • 949,757