Нишасти матбуотии вазорат баргузор гардид

Нишасти матбуотии вазорат баргузор гардид
Феврал 10
17:25 2022

Имрӯз, 10 феврали соли равон дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ваҳифзи иҷтимоии аҳолииҶумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонҶамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ,  сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва беш аз 50 нафар рӯзноманигорон аз расонаҳои иттилоотии дохиливу хориҷӣ ва нашрияҳои давлативу хусусӣиштирок намуданд.

Бо дарназардошти он, ки қабл аз оғоз Варақаи иттилоотӣ ба рӯзноманигорон дастрас карда шуд, нишасти матбуотии вазорат аз бахши саволу ҷавоб оғоз гардид.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои ба хориҷи кишвар сафар намудани табибон, сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар таваллудхонаҳо, нархномаи маводҳои доруворӣ ва озмоишгоҳҳо дар кишвар, хизматрасонии ёрии аввалияи тиббӣ, ҳавасмандгардонии табибон дар давраи пандемияи COVID-19, пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои гуногун, вазъи бемории сироятии нави COVID-19 дар мамлакат, таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣдар миёни кормандони соҳа ва дигар самтҳои соҳа саволҳо пешниҳод намуданд, ки дарҷараёни он вазир ва дигар масъулини соҳа ба онҳо посухҳои мушаххас доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 951
  • 1,242
  • 949,971