Бо мақсади муборизаи босамар бурдан бар зидди сирояти COVID-19 ва дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи вижаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қадрдонӣ гардид.
Маросими супоридани Ифтихорнома имрӯз, 18 феврали соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни баргузории ҷаласаи шарҳи якҷояи соли якуми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-1) баргузор гардид.
Ҷоизаро Илкер Даштан, мушовири ТУТ оид ба сиёсати тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода тақдим намуд.
Тавре зикр гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи шаш кишвари ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар мубориза бар зидди сирояти COVID-19 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.