Шиносоӣ бо вазъи саломатии захмиёни сӯхтори нуқтаи сӯзишворӣ

Шиносоӣ бо вазъи саломатии захмиёни сӯхтори нуқтаи сӯзишворӣ
Феврал 22
09:12 2022

Шаби 21 феврали соли равон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шарифзода Шайдулло дар Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” ва Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён бо вазъи саломатии захмиёни сӯхтори нуқтаи сӯзишворӣ, ки дирӯз дар ноҳияи мазкур ба вуқуъ пайваст, шинос шуданд.

Дар ҷараёни сӯтори нуқтаи сӯзишворӣ, ки дирӯз дар ноҳияи Қубодиён  ба амал омад, 14 нафар захмӣ  гардида, дар Беморхонаи марказӣ ва Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бистарӣ гардиданд.

Аз ин шумора, бо назардошти он, ки вазъи саломатияшон  муътадил буд, то кунун 6 нафар ба хона русхат дода шуда, 8 нафари боқимонда айни ҳол таҳти назорати табибон қарор доранд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷараёни табобати захмиён таҳти назорати бевоситаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои муолиҷаи онҳо  тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғафур Муҳсинзода аснои шиносоӣ бо рафти табобати захмиён ҳамзамон бо наздикону пайвандони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Номбурда иброз намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчӣ зудтар шифо ёфтани захмиён тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳад сохт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 966
  • 1,242
  • 949,986