Феврал 24
16:11
2022
Ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти тандурустӣ имрӯз, 24 феврали соли равон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ба ноҳияи Шаҳринав ташриф оварда, бо фаъолияти муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия шинос шуд.
Аснои боздид номбурда бо масъулини соҳаи тандурустии ноҳияи мазкур масъалаҳои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, вусъати маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус ва дигар масъалаҳоро таҳлил ва баррасӣ намуда, баҳри рафъи мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.