Тақдими маводи масрафии озмоишгоҳӣ барои муайян намудани шаклҳои нави сирояти COVID-19

Тақдими маводи масрафии озмоишгоҳӣ барои муайян намудани шаклҳои нави сирояти COVID-19
Март 01
15:56 2022

Аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як миқдор маводи масрафии озмоишгоҳӣ барои муайян намудани шаклҳои нави сирояти COVID-19 тақдим карда шуд.

Дар маросими қабули маводи мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ ба ҷониби кишвари ИМА барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат изҳори миннатдорӣ баён дошт.

Тавре зикр гардид, дар давраи пандемияи COVID-19 дар доираи ҳамкорҳои дуҷониба аз ҷониби ИМА ба Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди сирояти коронавирус кӯмакҳои башардӯстона расонида шуд. Аз ҷумла шумораи зарурӣ ва саривақтии ваксинаҳои “Модерна” ва “Пфайзер”, ки аз ҷониби ин кишвар ҳамчун кӯмаки башардӯстона вориди Тоҷикистон гардиданд, муборизаро бар зидди сироят қавитар намуданд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки мубориза бо бемориҳои сироятӣ- ин муайян намудани барангезандаи беморӣ тавассути ташхисҳои озмоишӣ мансуб меёбад. Дар ин замина, соли 2021 тавассути барномаи Марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон 4 маҷмӯи озмоишгоҳҳои вирусологии ТЗП/ПЦР бо 3 дастгоҳи занҷираи полимеразӣ тақдим карда шуд, ки онҳо ба шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Истаравшан ва Қубодиён дастрас, насб ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Яке аз масъалаҳое, ки айни замон Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун афзалият дар роҳи мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ муқаррар кардааст, ин бо роҳи секвинатсия дақиқ муайян намудани шаклу намуд ва гурӯҳи барангезандаи бемории сироятӣ мебошад.

Абдухолиқ Амирзода аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафароне, ки дар самти ба роҳ мондани секвинатсияи барангезандаи бемории коронавирус, аз ҷумла кормандони бахши озмоишгоҳии лоиҳаи АБТ, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ гардида, дар баланд бардоштани иқтидори техникӣ ва кадрии муассисаҳои соҳа саҳмгузорӣ менамоянд, миннатдорӣ баён карда, инчунин изҳори умедворӣ намуд, ки ташаббусҳои якҷояи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА боз ҳам вусъат дода мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 740
  • 1,242
  • 949,760