Шиносоии Абдухолиқ Амирзода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин

Шиносоии Абдухолиқ Амирзода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Муъминобод ва  Шамсиддин Шоҳин
Апрел 05
09:50 2022

Гаштҳои шабона ва рӯзонаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.

Санаи 4 апрели соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо фаъолияти беморхонаҳои марказӣ ва марказҳои саломатии ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон шинос шуд.

Аснои боздид аз муассисаҳои тандурустии мазкур муовини вазир аз рафти хизматрасонии тиббии онҳо дидан намуда, инчунин доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ ва дигар масъалаҳо бо масъулин суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.

Тавре зикр гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини солимии аҳолӣ тамоми талош ва кӯшиши хешро равон сохта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 638
  • 1,242
  • 949,658