Кормандони Вазорат Паёми навбатии Пешвои миллатро тамошо намуданд

Кормандони Вазорат Паёми навбатии Пешвои миллатро тамошо намуданд
Декабр 26
15:22 2018

Дар баробари кормандони дигар вазорату идораҳои кишвар кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диққати том тамошо намуданд.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба масъалаи солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус зоҳир намуда, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва муоширати табибон тадбирҳои муассир андешанд.

Илова бар ин, дар Паём таъкид гардид, ки дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.

Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019” амалӣ гардида истодааст ва ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад.

Тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ изҳор намуданд, бо вуҷуди пешравиҳо, ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба мушоҳида мерасанд.

Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд.

Соли ҷорӣ бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё муҳлати истифодааш гузашта ё истеҳсол кардани онҳо дар мамлакат, инчунин, дар натиҷаи фаъолияти тиббӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мизоҷон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуд.

Прокуратураи генералӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдор бояд иҷрои талаботи қонунро таъмин карда, дар роҳи содиршавии ин гуна қонуншиканиҳо садди устувор гузоранд.

Ҳоло дар кишвар 149 ҳазор нафар шахсони маъюб, аз ҷумла 15 ҳазор нафар маъюбони гурӯҳи якум, қариб 27 ҳазор нафар маъюбони то 18-сола ва 71 ҳазор нафар ятимон умр ба сар мебаранд. “-иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Маблағи умумие, ки ҳар моҳ аз ҳисоби буҷети давлат танҳо ба ятимон пардохта мешавад, беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ иброз намуданд, ки дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем.

Кормандони соҳаи тандурустӣ дастуру  супоришҳои  Сарвари давлатро дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии кишвар сармашқи кори худ қарор дода, баҳри рафъи камбудиву мушкилоти дар соҳа ҷойдошта то соли оянда саъйю талош менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 988
  • 989
  • 887,353