Боздиди вазир ва намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ аз марказҳои саломатии деҳоти Навобод ва Хуррамзамин

Боздиди вазир ва намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ аз марказҳои саломатии деҳоти Навобод ва Хуррамзамин
Апрел 12
08:10 2022

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода,  роҳбари дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли ва аъзоёни Миссияи навбатии Бонки ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии хонум Мирия Шоблум сурат мегирад,  аз марказҳои саломатии деҳоти ноҳияи Данғара боздид ба амал оварданд.

Меҳмонон зимни сафар  ба маркази саломатии “Навобод”, ки дар масофаи беш аз 35 км аз маркази маъмурии ноҳия ҷойгир аст, ташриф оварданд.

Маркази саломатии деҳотии “Навобод” аз ҳисобии маблағҳои грантии Лоиҳа ба маблағи 174 589 доллари ИМА сохта шуда, моҳи августи соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.  Дар баробари ин Маркази саломатии деҳотии мазкур бо таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 17 320  доллари ИМА, занҷираи сармоӣ, аз ҷумла: яхдон барои нигоҳкунии ваксинаҳо, зарф барои интиқоли ваксинаҳо, зарф барои ях, ҳароратсанҷ, ҷузвдон ва ғайра ба маблағи 3 649,3 доллари ИМА, як адад мошини ёрии таъҷилӣ ба маблағи 30 000 доллари ИМА, мебелҳои тиббӣ ба маблағи 11 858,93 доллари ИМА, таҷҳизотҳои компютерӣ ба маблағи 1238,3 доллари ИМА ва борхалтаҳои тиббӣ ба маблағи 901 доллари ИМА таъмин карда шудааст.Дар доираи татбиқи маблағгузори аз рӯи натиҷаҳои фаъолият (МАНФ) 171 222,3 сомонӣ пардохт карда шуд. Аз ҷумла, 119 855,6 сомонӣ дар шакли иловапулӣ ба кормандон ва 51 366,7 сомонӣ барои нигаҳдории маркази саломатии деҳот.

Шумораи аҳолии вобасташудаи ин марказ 3317 нафар ва шумораи хонаводаҳо 515 ададро ташкил медиҳад. Шумораи умумии кормандони тиб, ки дар доираи МАНФ фаъолият менамоняд, 7 нафар аз ҳисоби кормандони миёнаи тибби муассисаи мазкур ташкил мекунад. Ба аҳолии вобастшудааи муассисаи мазкур хизматрасонии табибро мутахассисони вобасташудаи маркази саломатии ноҳиявӣ  мерасонанд.

Ҳамчунин гуруҳи корӣ аз рафти фаъолияти маркази саломатии деҳоти “Хуррамзамин”, ки дар доираи маблағгузорӣ аз руи натиҷаи фаъолият амал мекунад, боздид ба амал оварданд.

Маркази саломатии деҳоти “Хуррамзамин” аз соли 2016 дар доираи маблағгузории иловагии якуми Лоиҳа фаъолият менамояд. Шумораи аҳолии вобасташуда 8400 нафар ва шумораи хонаводаҳо 1911 адаро ташкил медиҳад.

Шумораи умумии кормандони тиб, ки дар доираи МАНФ фаъолият менамоняд, 21 нафарро аз ҳисоби кормандони муассисаи мазкур ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 1 табиб ва 20 корманди миёнаи тиб.

Аз аввали амалисозии Лоиҳа барои маркази саломатии деҳоти “Хуррамзамин” таҷҳизоти компютерӣ ва борхалтаҳои таббӣ ба маблағи умуми 2 113,7 доллари ИМА харидорӣ карда шудааст. Дар доираи татбиқи маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият (МАНФ) 381 729,7 сомонӣ пардохт карда шуда аст. Аз ҷумла, 267 210,8 сомонӣ дар шакли иловапулӣ ба кормандон ва 114 518,9 сомонӣ барои нигаҳдории маркази саломатии деҳот.

Кормандони тиб дар ин муассисаҳо  иброз доштанд, ки бо шарофати ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ  амалишавии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” ва пардохти иловапулиҳо сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дар баробари ин муроҷиати аҳолӣ ба муассисасои тиббӣ ба маротиб боло рафтааст.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ аз соли 2016 дар ноҳияи Данғара татбиқ гардида истодааст.

Ҳадаф ва вазифаҳои Лоиҳа аз такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кўмаки аввалияи тиббию – санитарӣ (КАТС) тавассути усулҳои муосири маблағгузории соҳаи тандурустӣ, алалхусус “Маблағгузорӣ дар асоси  натиҷаҳои фаъолият”, бо ҳамбастагӣ дар такмил додани иқтидори кадрӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС иборат мебошад.

Манфиатгирандагони Лоиҳаро 147 124 аҳолии вобасташуда ва 413  кормандони тиббии муассисаҳои КАТС ташкил мекунанд. Миқдори умумии муассисаҳои шабакаи КАСТ, ки дар онҳо маблағгузорӣдар асоси натиҷаи фаъолият амалӣ гашта истодааст 62 муассисаро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, 27- маркази саломатии деҳот ва 35- бунгоҳҳои саломатӣ.

Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар ноҳияи Данғара аз аввали татбиқи Лоиҳа 2 186 113,1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Дар анҷоми сафари корӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва Озан Севемли иброз доштанд, ки барои рушди бештари ҳамкориҳо дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ кушиш хоҳанд кард.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 971
  • 1,242
  • 949,991