Ба итмом расидани таъмири куллии 3 Маркази саломатии деҳот дар ноҳияи Дарвоз

Ба итмом расидани таъмири куллии 3 Маркази саломатии деҳот дар ноҳияи Дарвоз
Март 18
13:30 2023

Дар баробари   азнавсозии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо лавозимоти тиббӣ, инчунин, ҷалби мутахассисон ба курсҳои омӯзишии тибби оилавӣ, таъмири куллии марказҳои саломатӣ ва дар замина таъмин намудани шароити хуби корӣ аз зумраи ҳадафҳои аслии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” маҳсуб меёбад.

Дар баробари корҳои созандаи ба сомон расидашуда аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” боз ҳам густариш додани доманаи фаъолияти марказҳои саломатии ноҳияи таҷрибавӣ дар заминаи боло бурдани шароити корӣ  такмил додани инфрасохтор ва заминаи моддию техникии марказҳои саломатӣ,     гузаронидани корҳои таъмирӣ,  таъмин намудани онҳо  бо мебел ва таҷҳизоти тиббӣ  дар соли 2022 низ аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи мазкур дониста мешавад.

Дар соли 2022   тибқи нақшаи кории Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори марказҳои саломатии деҳоти шаш ноҳияи нави таҷрибавӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, инчунин ноҳияи  Дарвози ВМКБ барои гузаронидани корҳои таъмирӣ дар 35 маркази саломатии деҳот корҳои назарре ба сомон расонида шуданд.

Дар ин давра бобати аз таъмини капиталӣ баровардани 35 марказҳои саломатии ноҳияҳои мазкур бо як қатор корхонаҳои сохтмонӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуда,    корҳои таъмирӣ дар 14 маркази саломатии деҳот ба охир расонида шуд.   Ҳамагӣ аз аввали соли равон барои гузаронидани корҳои таъмирӣ  776 801,17 доллари ИМА  маблағ сарфа гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки то ба соли 2020  татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 10 ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд;  Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён ва Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ амалӣ гардида, дар замина корҳои назарраси ҳамгуфте пиёда шуд, вале аз оғози  соли 2021 фарогирии татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ афзоиш ёфт ва 6 ноҳияи   нави таҷрибавии ҷумҳурӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, инчунин ноҳияи  Дарвози ВМКБ шомил гардонида шуданд. Ҳамин тавр, татбиқи механизми Лоиҳа дар 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ аз оғози соли 2021 то охири нимсолаи якуми соли 2023 идома пайдо хоҳад кард.

Дар солҳои охири татбиқи Лоиҳа таъмири кулии марказҳои саломатӣ  дар 6 ноҳияи нави таҷрибавӣ аз ҷумда ноҳияи Дарвоз  бомаром идома доранд.

Дар доираи татбиқи Лоиҳа дар низоми хизматрасонии муассисҳои кўмаки аввалияи тиббию санитари ноҳия, ки аз 7 Маркази саломатӣ ва 28 бунгоҳи тиббӣ иборат аст, зери сарпарастии Лоиҳа қарор дода шуда, 3 Маркази саломатии деҳот аз љумла; Маркази саломатии деҳоти “Сағирдашт”, Маркази саломатии деҳоти “Ёгед”, Маркази саломатии деҳоти “Дарвоз” таҳти таъмир қарор дода шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз аввали соли 2022   дар  доираи  татбиқи маблағгузории аз рӯи натиҷаҳои фаъолият  9201,87 доллари ИМА дар шакли иловапулӣ ба кормандон ва барои нигаҳдории Марказҳои саломатии деҳот ва Бунгоҳҳои тиббии ноҳия пардохт карда шуда, ҷиҳати  беҳтаргардонии иқтидори кадрии сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 13 нафар мутахассисон  бо давраҳои бозомӯзии тибби оилавӣ фаро гирифта шуданд. Дар баробари ин, бо мақсади беҳтаркунии заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳия 7 адад қуттиҳо барои муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба маблағи 240,97 доллари ИМА, 7 адад ноутбук барои маркази саломатии деҳот ба маблағи 4969,5 доллари ИМА, 12 адад борхалтаҳои тиббӣ барои кормандони миёнаи тибб ба маблағи 3482,1 доллари ИМА,  таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 64036,06 доллари ИМА, 3 адад генератор ва 1 адад обгармкунаки офтобӣ ба маблағи 15345,0 доллари ИМА, ва маводҳои иттилоотӣ оид ба муроҷиати шаҳрвандон ба маблағи 195,83 доллари ИМА харидори карда шуд. Бо мақсади такмили инфрасохтори муассисаҳои КАТС-и ноҳия дар доираи фаъолияти Лоиҳа   корҳои таъмирӣ дар 3  Марказҳои саломатии деҳот аз љумла; Марказҳои саломатии деҳоти “Сағирдашт”,  “Ёгед”,   “Дарвоз” ба назар гирифта шуда буд, ки ҳамакнун Марказҳои мазкур аз таъмири капиталӣ бароварда шуда мавриди истифода қарор дода шудаанд. Танҳо дар соли 2022   барои иҷроиши корҳои таъмирӣ 83150,6 доллари ИМА пардохт карда шудааст.  Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар ноҳияи Дарвоз аз аввали соли 2022-  178 804,80   доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз аввали татбиқи Лоиҳа дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳияи  дар доираи татбиқи   маблағгузории аз рӯи натиҷаҳои фаъолият 11037,64 доллари ИМА дар шакли иловапулӣ ба кормандон ва барои нигаҳдории марказҳо  пардохт карда шудааст. Инчунин,  бо мақсади беҳтаргардонии иқтидори кадрии сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия як қатор даврҳои омӯзишӣ  гузаронида шуданд, ки  дар онҳо 217 нафар  мутахассисон иштирок намуданд. Дар баробари ин, бо мақсади беҳтаркунии заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳия таҷҳизотҳои компютерӣ  ба маблағи 27335,71  доллари ИМА, 63 адад борхалтаҳои тиббӣ   ба маблағи   20524,86 доллари ИМА, 7 адад қуттиҳо барои муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба маблағи 240,97 доллари ИМА, таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 64036,06  доллари ИМА, 3 адад генератор ва 1 адад обгармкунаки офтобӣ ба маблағи 15345,0 доллари ИМА ва маводҳои иттилоотӣ оид ба муроҷиати шаҳрвандон ба маблағи 195,83 доллари ИМА харид намудааст.  Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар н. Дарвоз аз аввали татбиқи Лоиҳа    225 039,68  доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Хамин аст, ки  табибон ва аҳолии деҳот нақши Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-ро дар  рушди хизматрасонии Муассисаҳои кўмаки аввалия тиббию санитарии ноҳия муассир разёбӣ менамоянд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 981
  • 989
  • 887,346